расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ СӮИ ТОЛИБОН ДАР АФҒОНИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ СӮИ ТОЛИБОН ДАР АФҒОНИСТОН

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ СӮИ ТОЛИБОН ДАР АФҒОНИСТОН
“Ал-Мирсаъд”, ки худро ҳамчун пойгоҳи иттилооти ҳаракати тундрави Толибон ба зидди созмони тундрави ДОИШ муаррифӣ мекунад, рӯзи 9 апрели соли 2024 бо нашри як видео дар бораи аз сӯи хадамоти амнияти Толибон дастгир шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ, Сироҷиддин Шамсович Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ, санаи таваллудаш 1 январи соли 2003, ва ҳамсоли ӯ Самеъҷон Файзов аз шаҳри Кӯлоб ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар вилояти Владимири Русия тавассути шабакаи Телеграм ба саффи ДОИШ ҷалб шуда, ба Афғонистон омадаанд ва мехостанд аз инҷо ба шаҳри Квета, маркази устони Балуҷистони Покистон рафта, дар онҷо таълими ҷангӣ бигиранд.
Расонаи марбут ба Толибон менависад, Балуҷистони Покистон дар вақтҳои охир ба як пойгоҳи умдаи тамрину таълими ҷангҷӯёни созмони террористии ДОИШ табдил ёфтааст.
Самеъҷон Файзов ва Сироҷиддин Давлатов дар видеои нашршуда эътироф мекунанд, ки аз онҳо тавассути Телеграм даъват шуд, ки барои гирифтани таълими улуми шаръӣ ва тамринҳои ҳарбӣ ба Квета ҳиҷрат кунанд. Самеъҷон Файзов мегӯяд, ки ӯ дар вилояти Владимири Русия кор мекард ва ҳамроҳи Сироҷиддин Давлатов бо роҳнамоӣ тавассути Телеграм аз Русия ба Туркия, аз онҷо ба Эрон ва аз Эрон ба Афғонистон гузаштанд, вале дар роҳи сафар ба Квета дар вилояти Нимрӯз аз ҷониби маъмурони “Иморати исломии Афғонистон” дастгир шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.