расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “ШУМОРО КӢ ЗОИДААСТ?” ИБОДУЛЛО МАШРАБ ДАР ШАРҲИ БАРХӮРДИ ТУНДАШ БО РАҚҚОСАҲО ГУФТ, “ЯГОН ГАПИ БЕЗЕБ НАГУФТАМ”

Асосӣ / Ҷомеа

“ШУМОРО КӢ ЗОИДААСТ?” ИБОДУЛЛО МАШРАБ ДАР ШАРҲИ БАРХӮРДИ ТУНДАШ БО РАҚҚОСАҲО ГУФТ, “ЯГОН ГАПИ БЕЗЕБ НАГУФТАМ”

“ШУМОРО КӢ ЗОИДААСТ?” ИБОДУЛЛО МАШРАБ ДАР ШАРҲИ БАРХӮРДИ ТУНДАШ БО РАҚҚОСАҲО ГУФТ, “ЯГОН ГАПИ БЕЗЕБ НАГУФТАМ” 
Ибодулло Машраб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони аксар чорабиниҳои давлатӣ дар шарҳи навори бархӯрди тундаш бо раққосаҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокунишҳои зиёди аксаран манфиро ба бор овард, гуфт, “ягон гапи безеб нагуфтаам” ва “бояд сахтгир бошам”. Масъулини ансамблҳои рақсӣ мегӯянд, шикояте надоранд. Муовини якуми вазири фарҳанг гуфт, бо коргардон дар бораи шеваи бархӯрдаш сӯҳбат мекунад.
Сухан аз наворе аст, ки рӯзи 8 апрели соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва дар он нафаре гуруҳи духтарони дар саҳна истодаро барои дер кардан ба машқи консерти шоми дӯстии  Тоҷикистону Туркманистон бо як лаҳни тунд сарзаниш карда ва аз вожаҳои тунду дурушт истифода мекунад.
“Шумо мусулмонед? Шуморо кӣ зоидаст ба ҳамин дунё? Кӣ зоидаст ҳамин хел духтари бемаънии ... Садқаи одам шавед... Соат 9-у ним шуд, 9 ба ман бояд сар мекардам”, - мегӯяд ӯ.
Ин навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногунро ба миён овард ва онҳо ин кори коргардонро шадидан интиқод карданд.
Ибодулло Машраб гуфт, ки сабаби тунд бархӯрд карданаш дер кардани чанд нафар раққосаҳо будааст.
“Ман ягон гапи безеб нагуфтам. Ин масъалаи кории ман аст ва бояд сахтгир бошам. Агар ҳамин корро намекардам, онҳо боз дер мекарданд ва кор пеш намерафт. Раққосаҳо худашон маро нағз мефаҳманд”, - шарҳ дод  Ибодулло Машраб.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.