расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “БМВ” ДАР КИЛОМЕТРИ 312-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “БМВ” ДАР КИЛОМЕТРИ 312-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “БМВ” ДАР КИЛОМЕТРИ 312-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се садамаи рӯзҳои 9 ва 10 апрели соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 8 нафар ҷон бохтаанд. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ шаби 9 апрел дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷо Ғафуров рух дод. Дар километри 312-уми шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" бар асари бархӯрди “Опел” бо “БМВ” 6 нафар: ҳарду ронанда ва 4 мусофири “Опел” ҷон бохтанд. Бино ба иттилои ВКД, шаби 9-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Башаров Бустон Маҳкамович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар километри 312-уми шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Одинаев Раҳимҷон Фарҳодович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ҳарду ронанда Башаров Б.М. ва Одинаев Р.В ва мусофирони мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ҳамдамов Аброр Абдусаидович, соли таваллудаш 1992, Худойназаров Авазҷон Анварович, соли таваллудаш 1992, Нортаев Обидҷон Акбаралиевич, соли таваллудаш 1991 ва Ҷуманов Бегалӣ Мирзоабдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.