расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУД

ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУД
Додгоҳи ноҳияи Скопинои вилояти Рязани Русия рӯзи 3 апрели соли 2024 як ҷавони зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 2001-ро, ки қаблан барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷарима шуда буд, ба ҳамин далел аз шаҳрвандии Русия ҳам маҳрум кардааст. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Рязан хабар дод, ки рӯзи 3 апрел, дар пайи судури ҳукми додгоҳ шиносномаи русии ҷавони тоҷикро аз дасташ гирифтаанд ва ба зудӣ ӯ аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешавад. Исми ин ҷавони зодаи Тоҷикистон нашр нашудааст.
Назари худи ин ҷавон ё наздиконаш низ дастрас нест, вале раёсати тафтишот мегӯяд, 
 “дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки маҳкумшуда бе ягон сабаби узрнок ба чорабиниҳои марбут ба даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳозир нашудааст”.
Ҷавони тоҷикро ба он гунаҳкор кардаанд, ки ҳангоми дарёфти шаҳрвандӣ қасам хӯрда буд, ки қонунҳои Русияро риоя карда, аз ин кишвар ҳимоят хоҳад кард, вале ба қасамаш амал накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.