расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВИЗА БАРОИ САФАРИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКИЯ АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷаҳон

ВИЗА БАРОИ САФАРИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКИЯ АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД

ВИЗА БАРОИ САФАРИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКИЯ АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД
“Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 7 апрели соли 2024 бо такя ба маълумоти вазорати хориҷа хабар дод, ки низоми раводид (виза) аз ҷониби Туркиябарои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2024 ҷорӣ мешавад. Дар вазорат гуфтаанд, ки Туркия рӯзи 6 апрел билохира ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир хабардор кардааст.
“Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба Туркия раводид дошта бошанд”, навиштааст “Ховар”. Қаблан шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.
Қаблан вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷониби Туркия дар бораи ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони тоҷик расман ягон иттилоъ нагирифтааст.
Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли 2024 ба “Азия Плюс” дар ин робита гуфт: “Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист аз қабл ҷониби Тоҷикистонро аз санаи ҷорӣ шудани низоми раводид (виза) хабардор мекард. Таъкид мекунем, ки чунин маълумоттро ҷониби Тоҷикистон бо каналҳои дипломатӣ то ҳол нагирифтааст”.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки Душанбе низ дар асоси асли посухи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.