расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

Асосӣ / Ҷаҳон

Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз ин ба баъд қасди сафар ба Туркияро доранд, зарур аст, ки раводид ва ё худ визаро дарёфт кунанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.
Дар ин бора нашрияи расмии туркӣ Resmi Gazete хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, фармонро президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон имзо кардааст.
"Қарор шудааст, ки низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои шиносномаҳои оддии хориҷӣ ҳангоми сафар ба Туркия ҳастанд, лағв карда шавад", - омадааст дар фармон.

Гуфта мешавад, ки тадбир бар асоси қонун дар бораи муҳоҷирон ва ҳифзи байналмилалӣ қабул шудааст.
Сабабҳои мушаххаси мамнӯъсозии низоми бидуни раводид миёни Душанбе Истанбул эълон нашудааст.
Дар авоили моҳи апрел расонаҳо хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон дар Истамбул бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.
Онҳо дар ҳамкорӣ бо ДИИШ ва қасди амали террористӣ муттаҳам мешаванд.
Ҳамчунин қаблан маълум шуда буд, ду муттаҳам ба содир кардани ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав моҳҳои январ-март аз Истанбул дидан карда, дар меҳмонхонаҳо зиндагӣ 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.