расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ МАРДИ 55-СОЛА ВА КӮДАКИ 2-СОЛА ДАР 2 САДАМА ДАР БАТОШ ВА ДАНҒАРА

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ МАРДИ 55-СОЛА ВА КӮДАКИ 2-СОЛА ДАР 2 САДАМА ДАР БАТОШ ВА ДАНҒАРА

ҲАЛОКАТИ МАРДИ 55-СОЛА ВА КӮДАКИ 2-СОЛА ДАР 2 САДАМА ДАР БАТОШ ВА ДАНҒАРА
Шаби 1-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Буриев Ҳусейнҷон Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат роҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Меликов Бароталӣ Саидович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Меликов Б.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 2-юми апрели соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Валиев Амирҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми дар манзили истиқоматии Шоинов Анварҷон Олимхонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин ноҳия ҳангоми ба қафо идора намудани автомашинаи шахсиаш духтарчаи хурдсоли соҳибхона, Олимхонзода Нилуфари Анвар, соли таваллудаш 2022-ро пахш намудааст.Дар натиҷа, хурдсол Олимхонзода Н.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.