расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АПРЕЛ ҲАМ ОМАД, ВАЛЕ ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ТО ҲОЛ БОҚӢ МОНДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

АПРЕЛ ҲАМ ОМАД, ВАЛЕ ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ТО ҲОЛ БОҚӢ МОНДААСТ

АПРЕЛ ҲАМ ОМАД, ВАЛЕ ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ТО ҲОЛ БОҚӢ МОНДААСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 2- 3 апрели соли 2024 бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тармаву резиши санг таҳдид мекунад.
Дар ин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ пеш аз ҳама фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд,. 
Агар Шумо ба ягон ҳодисаи фавқулода рӯ ба рӯ шудед, фавран ба телефонҳои зерин ба хадамоти наҷоти Кумита муроҷиат кунед: 
112;
(+992 37) 223 13 11
(+992 37) 221 91 19
(+992) 93 880 28 19

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.