расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Сурия. Теҳрон ваъдаи посухи қатъӣ дод

Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Сурия. Теҳрон ваъдаи посухи қатъӣ дод

Дирӯз, 1-уми апрел, бинои консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия, мавриди ҳамлаи мушак қарор гирифт ва комилан нобуд шуд. Бар асари ин ҳамла бархе аз афсарони саршиноси низомии Эрон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла посухи Исроил ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Ироқ ба Исроил будааст. Дар ин бора Би-би-си хабар медиҳад.
Ба иттилои ин расона, Ҳусейн Акбарӣ, сафири Эрон дар Димишқ, пас аз ин ҳамла ба шабакаи “Хабар” гуфтааст, “ҳавопаймоҳои F-35-и Исроил аз Ҷӯлон бо шаш мушак бинои консулгариро ҳадаф қарор доданд”.
“Ман худам дар сафорат будам ва дидам, ки бинои сафорат ва тирезаҳои он низ осеб дид”, - таъкид кардааст Ҳусейн Акбарӣ.
Ҳамчунин Ҳусейн Акбарӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаи Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Димишқ бархе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар соатҳои аввали пас аз ҳамла Эрон эълом кард, ки Муҳаммадризо Зоҳидӣ, яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Ҳоҷӣ Раҳимӣ, ёвари ӯ дар натиҷа ин ҳамла кушта шудаанд.
Сафири Эрон дар Сурия таъйид кардааст, ки дар ин ҳамла аз панҷ то ҳафт нафар кушта шудаанд. Ӯ ҳамчунин аз посухи қотеъи Эрон ба ин ҳамла ёдовар шуд.
BBC
 

Вокуниши Раисӣ ва вазорати хориҷаи Эрон

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар паёме ин ҳамларо аломати “ноумедии Исроил” номид ва ба шиддат маҳкум кард. Ӯ гуфт, Эрон ин иқдомро беҷавоб намегузорад.
Вазорати умури хориҷаи Эрон низ ин ҳамлаҳоро як иқдоми хашмгин ва иғвогаронаи Исроил хонд ва аз ҳукуматҳо, созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, ин ҳамлаҳоро маҳкум кунанд.
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, “нақзи пайвастаи истиқлолият ва тамомияти арзии Сурия” ба иллати нотавон будани Исроил дар ҷанги Ғазза ва талош барои густариши бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа аст.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “мушовирони низомии Эрон бо даъвати расмии ҳукумати Сурия дар ин кишвар ҳузур доранд ва дар кумак ба Сурия дар мубориза бо терроризм ва мусоидат ба истиқрори сулҳ, субот ва амнияти пойдор дар ин кишвар нақши муҳим доранд”.
BBC
 

Посухи Эрон чӣ метавонад бошад?

Носир Канъонӣ гуфтааст, Эрон ҳақ дорад дар замон ва макони муносиб ба ин иқдом посух диҳад. Масъалае, ки сиёсатмадорони Эрон пас аз ҳар ҳамлаи нерӯҳои Амрико ва Исроил ба ҳадафҳои Эрон матраҳ мешавад. Қаблан дар ҳама ҳолатҳо мақомоти Эрон, аз ҷумла Алии Хоманаӣ, роҳбари маънавии ин кишвар, ваъдаи посухи қотеъ ба ҳамлаҳои Исроил ва Амрико дода буданд, аммо дар амал вокуниши Эрон мисли як намоиш буд.
Вале ин маротиба ҳамлае, ки ба Исроил нисбат дода мешавад, мустақиман бинои консулгарии Эронро ҳадаф қарор дод, ки бахше аз қаламрави ин кишвар маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки Исроил борҳо дар дохили Эрон ва берун аз он мансабдорони маъруфи низомии эрониро ҳадаф қарор додааст. Яке аз ин ҳодисаҳо кушта шудани Муҳсин Фахризода, муовини вазири дифои Эрон буд. Фахризода аз афсарони саршиноси низомии Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамзамон раиси маркази пажӯҳишӣ ва навоварии Вазорати дифои ин кишвар буд. Ӯ ҳамчунин ба унвони чеҳраи пушти парда дар тарҳи энержии ҳастаии Эрон ёд шудааст. Ҳамлагарон ӯро соли 2020 дар наздикии Теҳрон куштанд. Эрон ин ҳамларо ба Исроил рабт дод ва аз "интиқоми шадид" гуфт.
Як сол пеш низ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдоронро дар як ҳамла кушта буд ва Эрон ваъдаи қасосгирии шадид дод, аммо ҳеҷ коре мушаххас накард ва ин ваъда дар байни корбарони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба танз мубаддал шуд.
BBC
Дар ҳамин ҳол, Эрон дар Ховари Миёна гурӯҳҳои зиёди зери нуфузаш дорад, ки метавонад барои ҳамла ба ҳадафҳо дар хоки Исроил истифода кунад. Эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ӯ дар як амали мушобеҳ яке аз намояндагиҳои дипломатии Исроилро ҳадаф қарор диҳад, аммо ин эҳтимол ниҳоят заъиф аст. Зеро ин ҳамчунин Эронро бо кишвари мизбони он намояндагии сиёсӣ низ даргир мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамлаи мустақими Эрон ба хоки Исроил дар посух ба ин ҳамла чандон эҳтимол надорад, посухи Теҳрон метавонад ҳамла ба аҳдофи Исроил дар берун  аз ин кишвар бошад.
 

Нигаронӣ аз густариши даргириҳо

Ин даргирӣ нигарониҳоро аз густариши ҷанг дар минтақа, бахусус байни Исроил ва Эрон, дар пасманзари як қатор бӯҳронҳои такрорӣ ба вуҷуд овард.
Исроил ҳам гурӯҳи фаластинии Ҳамосро, ки мавриди ҳимояти Теҳрон аст, ҳадаф қарор медиҳад ва ҳам бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки таҳти ҳимояти Эрон аст, вориди даргирӣ мешавад.
Гурӯҳҳои пуштибонии Эрон дар Ироқ ва Сурия низ нерӯҳои амрикоиро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳанд ва Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба Ҳусиҳо ҳамла кардаанд.
Ҳусиҳо як гурӯҳи дигари пуштибони Эрон дар Яман ҳастанд, ки мегӯянд, ба хотири ҳимоят аз мардуми Ғазза ва то иҷозаи ироаи кумак ба мардуми Ғазза ба киштиҳои "пайванд ба Исроил" дар Баҳри Сурх ҳамла хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.