расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ВИЛОЯТИ БАДАШОН, ВОДИИ РАШТ ВА 4 ҶАМОАТИ ИСФАРА

Асосӣ / Ҷомеа

ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ВИЛОЯТИ БАДАШОН, ВОДИИ РАШТ ВА 4 ҶАМОАТИ ИСФАРА

ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ВИЛОЯТИ БАДАШОН, ВОДИИ РАШТ ВА 4 ҶАМОАТИ ИСФАРА 
Рӯзи 1 апрели соли 2024 дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар расман оғоз ёфт. Мавсими баҳории даъват ду моҳ: то 31 май давом мекунад.
Алакай дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ягона шаҳру ҳамаи ноҳияҳояш, ҳамчунин 5 ноҳияи водии Рашт (Рашту Тоҷикободу Лахш ва Нурободу Сангвор) ва 4 ҷамоати тобеи шаҳри Исфара (Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккон) аз 100% иҷро кардани нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш доданд. 
Вилояти Бадахшон инак 6 сол боз нақшаи даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аввалин шуда, дар рӯзи аввали мавсим иҷро мекунад.
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ба тақрибан 15 то 16 ҳазор нирӯи тоза ниёз доранд. Вале бо онки дар кишвар тақрибан 700 ҳазор ҷавонони аз синни 18 то 27 ба сар мебаранд, ҳар сол мақомот дар иҷрои нақшаи даъват мушкилӣ мекашанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.