расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАРАЁНИ “АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОР” ДАР ДОҒИСТОН

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАРАЁНИ “АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОР” ДАР ДОҒИСТОН

БОЗДОШТИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАРАЁНИ “АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОР” ДАР ДОҒИСТОН 
Субҳи якшанбе, 31 марти соли 2024 нирӯҳои ФСБ Русия дар ду ноҳияи шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия ва шаҳри бо пойтахт ҳамҷавори Каспийск “амалиёти зиддитеррористӣ” доир карданд. Ин амалиёт соати шаши субҳ оғоз ёфта, то соати 10 тӯл кашид ва бо боздошти 3 нафар бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ анҷомид.
Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия (НАК) хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёт касе аз сокинони мулкӣ ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ осеб надидааст.
“Ҳангоми кофтукоб аз маҳалли боздошти ҷинояткорон силоҳи автомат, тирҳо ва бомби худсохт пайдо карда шуд”,— гуфтааст НАК. 
Доғистон ҷумҳурии аксаран кӯҳистониест дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, ки дар соҳили баҳри Хазар (Каспий) ҷойгир шудааст.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Доғистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки ду нафар аз боздоштшудаҳо зодагони Осиёи Марказианд. Манбаи нашрияи русии “Коммерсант” гуфтааст, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Доғистон як сокини худи ин ҷумҳурӣ ва ду зодаи Тоҷикистон ба даст афтодаанд.
Манбаи “Коммерсант” гуфтааст, ки дастгиршудаҳо дар  Махачқалъа ва Каспийск кори сохтмон мекарданд ва ҳамчунин ба амалиётҳо бо криптовалюта машғул буданд, вале дар айни замон “дар ҷамъомадҳои тундравони динӣ низ фаъол буданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.