расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТОҶИКҲОИ ДАР ДОҒИСТОН ДАСТГИРШУДА БО ПУЛУ СИЛОҲ ТАЪМИН КАРДАНИ ҲАМЛАГАРОНИ МАСКАВРО БА ГАРДАН ГИРИФТАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ТОҶИКҲОИ ДАР ДОҒИСТОН ДАСТГИРШУДА БО ПУЛУ СИЛОҲ ТАЪМИН КАРДАНИ ҲАМЛАГАРОНИ МАСКАВРО БА ГАРДАН ГИРИФТАНД

ТОҶИКҲОИ ДАР ДОҒИСТОН ДАСТГИРШУДА БО ПУЛУ СИЛОҲ ТАЪМИН КАРДАНИ ҲАМЛАГАРОНИ МАСКАВРО БА ГАРДАН ГИРИФТАНД
Дар видеоҳои бозпурсиҳояшон, ки ФСБ нашр кард, чеҳраҳои дастгиршудашон пӯшонда шудааст.Бо яке аз онҳо, ки дар рӯи замин бо дастони аз пушт завлоназадааш дар рӯи замин хобонда шудааст ва сарашро як корманди мақомот боло бардоштааст, чунин суолу ҷавоб сурат гирифт:
- Силоҳ дар куҷост?
- Дар дасти Собир.
- Бомба дар куҷост?
- Дар манзили ман.
- Куҷоро мехостед битарконед?
- Соҳили баҳрро дар Каспийск.
Маълум нест, ки ин эътирофи гуноҳ дар чӣ шароит гирифта шудааст?, вале посухҳои зодаи Тоҷикистон зоҳиран аз пеш ёддодаву азёдшуда менамоянд.
Боздоштшудаи дуюм эътироф кард ки ба омилони ҳамлаи  Красногорск ҳам бо пул ва ҳам бо силоҳ кумак расондааст.
"Ман барои ин бачаҳое, ки ба “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла карданд, силоҳ бурда будам. Силоҳро аз Махачқалъа то Митиши бурдам ", - гуфт ӯ дар видеои нашркардаи ФСБ.
Дар кадом шароит гирифта шудаи эътирофи гуноҳи ӯ низ рӯшан нест. Мақомоти қудратии Доғистон низ бо сохтану бофтани парвандаҳо ва бо истифода аз шиканҷа ба эътирофи гуноҳ водор кардани дастгиршудагон ном баровардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.