ДАР РӮЗИ РАВШАН ХОНАҲОРО МЕЗАД: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БО ҶУРМИ ДУЗДӢ
ДАР РӮЗИ РАВШАН ХОНАҲОРО МЕЗАД: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БО ҶУРМИ ДУЗДӢ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 апрели соли 2024 аз боздошти як ҷавонзани сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми даст доштан дар дастикам ду дуздӣ аз хонаҳои сокинон дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод. Ин дуздиҳо дар давоми моҳи март, аз ҷумла якеаш дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон сурат гирифта, ҳарҷми зарари ба соҳибхонаҳо расида дар умум 38 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 3400 долларро ташкил додааст.
Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале дар гузориши ВКД ду мавриди дуздии ин ҷавонзан чунин тасвир шудааст: “Гумонбаршаванда, 4-уми марти соли 2024, рӯзона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, 12-уми марти соли 2024, рӯзона вориди манзили истиқоматии марди 38-солаи сокини пойтахт шуда, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хуавей»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.