расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БО “КУМАК“-И АҲМАД ФАЙЗУЛЛОХОНЗОДА КАНАЛИ ҶАЛБИ ТОҶИКҲО БА САФФИ ДОИШ-ХУРОСОНРО ЁФТАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

БО “КУМАК“-И АҲМАД ФАЙЗУЛЛОХОНЗОДА КАНАЛИ ҶАЛБИ ТОҶИКҲО БА САФФИ ДОИШ-ХУРОСОНРО ЁФТАНД

БО “КУМАК“-И АҲМАД ФАЙЗУЛЛОХОНЗОДА КАНАЛИ ҶАЛБИ ТОҶИКҲО БА САФФИ ДОИШ-ХУРОСОНРО ЁФТАНД
Аҳмад Файзуллохонзода ном шаҳрванди Тоҷикистонро баъди ҳамагӣ ду моҳи будубошаз Русия ихроҷ мекунанд. Расман барои дар маҳалли сабти номи расмиаш зиндагӣ накардан, вале дар асл барои инки ӯ низ узви гуруҳ ё канале дар шабакаи Телеграм будааст, ки 4 муттаҳами асосӣ ба ҳамлаи хунини ахир дар канори Маскав низ узви ин канали мавсум ба “Садои Хуросон” будаанд. Бовар меравад, ки ҳамлагаронро маҳз тавассути ин канали марбут ба қаноти тоҷикии созмони террористии ДОИШ-Хуросон ба ин созмон ҷалб ва ба анҷоми ҳамлаи террористӣ моил кардаанд.
Зоҳиран тафтиши парвандаи Аҳмад Файзуллохонзода ба ошкор шудани канали ҷалби омилони ҳамлаи хунин ба "Крокус Сити Ҳолл" овардааст.
Як манбаи огоҳ рӯзи 27 ба хабаргузории русии РИА Новости хабар дод, ки омилони ин ҳамларо тавассути Telegram-канали "Садир Хуросон”, ки ба қаноти тоҷикии бахши афғонистонии ДОИШ, маъруф ба “Вилояти Хуросон” тааллуқ дошт, ба ин кор ҷалб кардаанд. Ба таъкиди ин манбаъ, канали “Садои Хуросон” сирф барои ҷалби зодагони Тоҷикистон фаъолият мекард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.