расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ ЯК МАРКАЗИ БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР БОХТАР

Асосӣ / Ҷомеа

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ ЯК МАРКАЗИ БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР БОХТАР

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ ЯК МАРКАЗИ БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР БОХТАР
Ба иттилои милитсия, шаҳрванд Файзов Юсуф Муродович, санаи таваллудаш 25.08.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат-1, дар таҳхонаи бинои №2 дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар маркази бозиҳои компютерӣ кушода, “ба ноболиғон дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" манъшуда барои воридшавӣ иҷозат дода, онҳоро барои машғул шудан бо бозиҳои дорои хусусияти зӯроваридошта ҷалб намудааст. Ба болои ин, “дар вақти ҳуҷҷатгузорӣ намудани ҳолати мазкур шаҳрванд Файзов Юсуф Муродович талаботи қонунии кормандони милитсияро ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи монеъ шудан ба воридшавии ноболиғон дар вақти манъшуда иҷро накардааст”.
Бо назардошти ин нисбат ба шаҳрванд Файзов Юсуф парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳи шаҳри Бохтар ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муддати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.
Қонунҳои Тоҷикистон дар вақти дарс ва дар соатҳои шабонгоҳӣ ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо роҳ додани ноболиғонро манъ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.