расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО БА “РОБИТА БО УКРАИНА” АЙБДОР МЕКУНАНД

Асосӣ / Ҷаҳон

ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО БА “РОБИТА БО УКРАИНА” АЙБДОР МЕКУНАНД

ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО БА “РОБИТА БО УКРАИНА” АЙБДОР МЕКУНАНД
Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 28 марти соли 2024 иддао кард, ки гӯё тафтишот далелҳои бо миллатгароёни Украина робита доштани омилони ҳамлаи террористӣ дар ”Крокус Сити Ҳолл” ва аз Украина барои онҳо  фиристода шудани маблағҳо ва криптовалютаро ба даст овардааст. Ин ниҳод ҳамчунин аз боздошти боз як гумонбаршаванда дар ин парвандаи пурсарусадо хабар дод ва гуфт, ин нафарест, ки “дар схемаи маблағгузории террористҳо иштирок дошт”.
Ин изҳорот дар пайи изҳороти президенти Русия Владимир Путин аст, ки ахиран бидуни овардани кадом далел дар бораи даст доштани Украина дар ҳамлаи хунини 22 март дар Красногорск ҳамчун як амри яқин ҳарф зада буд. Украина ҳар навъ даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад. Вале изҳороти Путинро бисёре аз нозирони умр ҳамчун як дастур барои мақомоти тафтишотӣ маънидод мекунанд ва мегӯянд, тафтишот бояд акнун худашро ба ҳар дару девор бизанад ва ҳатман далелҳоеро, ки ба “изи Украина” дар ҳамлаи Красногорск таъкид мекунанд, ё биёбад ваё, агар наёбад, пас бояд “битарошад”.
Дар робита ба ҳамлаи 22 март, ки дастикам 143 кушта ба ҷо гузошт, то кунун 11 нафар дастгир шуда буд. Аз онҳо исми 8 нафараш нашр шудааст, ки 7 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.