расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ХАДАМОТИ АЛОҚА ГӮШ КАРДАНИ ТАМОМИ ЗАНГҲОВУ ХОНДАНИ ҲАМАИ ПАЁМАКҲОРО РАД КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

ХАДАМОТИ АЛОҚА ГӮШ КАРДАНИ ТАМОМИ ЗАНГҲОВУ ХОНДАНИ ҲАМАИ ПАЁМАКҲОРО РАД КАРД

ХАДАМОТИ АЛОҚА ГӮШ КАРДАНИ ТАМОМИ ЗАНГҲОВУ ХОНДАНИ ҲАМАИ ПАЁМАКҲОРО РАД КАРД
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 26 марти соли 2024 бо нашри як изҳороти вижа сарусадоҳои бархоста дар бораи ҷорӣ шудани “қоидаҳои нави алоқа” ва аз ин ба баъд гӯш кардани тамоми суҳбатҳои телефонӣ ва аз ҷониби мақомот хонда шудани тамоми паёмакҳоро рад кард ва ин овозаҳоро кори дасти “ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа” номид.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳое паҳн шуданд, ки гӯё баъди ҳамлаи ахири хунин дар Маскав, ки бо иттиҳоми даст доштан дар он зодагони Тоҷикистон дастгир шудаанд, дар Тоҷикистон “қоидаҳои нави алоқа” ҷорӣ карда шудаанд ва гӯё алакай аз 23 март мақомот нафақат тамоми зангҳову паёмакҳо аз тариқи телефон, балки суҳбатҳои мардум тавассути мессенҷерҳоро низ зери назорати комил мегиранд ва ҳамаро гӯш мекунанд.
Дар изҳороти Хадамоти алоқа, дар робита ба ин овозаҳои паҳншуда чунин гуфта мешавад: “Вобаста ба хабаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба “қоидаҳои нави алоқа” чарх мезанад, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро комилан рад карда, беасос медонад. Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин  мониторинги Twitter ва Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст. Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки аз ҷониби Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоида наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.