расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБСИ АЛИШЕР ҚОСИМОВ — МУТТАҲАМИ ҲАШТУМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КРАСНОГОРСК

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАБСИ АЛИШЕР ҚОСИМОВ — МУТТАҲАМИ ҲАШТУМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КРАСНОГОРСК

ҲАБСИ АЛИШЕР ҚОСИМОВ — МУТТАҲАМИ ҲАШТУМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КРАСНОГОРСК 
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 26 марти соли 2024  зодаи Қирғизистон Қосимов Алишер Ҳотамовичро бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорск барои қариб 2 моҳ, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. 
Алишер Қосимов алакай нафари ҳаштум аст, ки дар робита ба ҳамлаи Красногорск ба ҳабс гирифта мешавад. 7 нафари қаблӣ ҳама зодагони Тоҷикистон буданд.
Алишер Қосимовро ба он айбдор мекунанд, ки хонаашро дар Красногорск ба яке аз ҳамлагарон ба иҷора додааст.
Алишер Қосимов 32 сол дошта, соҳибкор аст ва дар деҳаи Путилково дар канори Красногорск як чойхона дорад. Ӯ зодаи шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон буда, шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки хонаашро дар Красногорск бо ҳипотека (қарзи бонк) гирифта буд ва тавассути сомонаи интерентии “Авито” ба иҷора медод. Алишер Қосимов гуфт, ӯ  ҳатто пай намебурд, ки Фаридуни Шамсиддин метавонад бо гуруҳҳои террористӣ иртибот дошта бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.