расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БА ПУТИН: ТЕРРОРИСТОН НА МИЛЛАТ ДОРАНДУ НА ВАТАН ВА НА ЭЪТИҚОД

Асосӣ / Сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БА ПУТИН: ТЕРРОРИСТОН НА МИЛЛАТ ДОРАНДУ НА ВАТАН ВА НА ЭЪТИҚОД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БА ПУТИН: ТЕРРОРИСТОН НА МИЛЛАТ ДОРАНДУ НА ВАТАН ВА НА ЭЪТИҚОД
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 марти соли 2024 бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин нахустини суҳбати онҳо баъд аз ҳамлаи хунини шоми 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав буд. Дар он ҳамла, ки масъулияташро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт, дастикам 133 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Бо гумони даст доштан дар ин ҳамлаи хунин 11 нафар, аз ҷумла 4 зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.