расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЛАҒЖИДАНИ ЯК БОРАИ КӮҲ БОИСИ КӮЧОНДАНИ 7 ОИЛА АЗ ДЕҲАИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЛАҒЖИДАНИ ЯК БОРАИ КӮҲ БОИСИ КӮЧОНДАНИ 7 ОИЛА АЗ ДЕҲАИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ШУДААСТ

ЛАҒЖИДАНИ ЯК БОРАИ КӮҲ БОИСИ КӮЧОНДАНИ 7 ОИЛА АЗ ДЕҲАИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ШУДААСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 19 марти соли 2024, тақрибан соати 22:00, бар асари боришоти ахир дар қаламрави деҳаи Хонақоҳи кӯҳии ҷамоати ҳамном дар дараи Алмосӣ дар канори шаҳри Ҳисор як бораи кӯҳ лағжида, хонаҳои 8 сокини ин деҳро таҳти хатар қарор додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, билофосила дар пайи дарёфти ин хабар аз ҳисоби кормандони ин ниҳод ва комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
“Алакай соати 23:00 7 оилаи иборат аз 33 нафарро ба маконҳои амн кӯчонданд. Аъзои як оилаи дигар дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст”, - говорится в сообщении КЧС РТ.
Дараи Алмосӣ, ки деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ дар ҳамин дара ҷойгир шудааст, дар фосилаи ҳамагӣ чанд километр дар шимоли шаҳри Ҳисор ва дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дараи Алмосӣ дар баробари дараҳои Варзобу Ромит ва Қаратоғу Ширкент аз мавзеъҳои хушманзараи истироҳатии водии Ҳисор ба шумор меравад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.