расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУДИРИ МАРКАЗИ АЛОҚАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ТАСАРРУФИ ПУЛИ ОБУНА АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Иқтисодиёт

МУДИРИ МАРКАЗИ АЛОҚАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ТАСАРРУФИ ПУЛИ ОБУНА АЙБДОР МЕШАВАД

МУДИРИ МАРКАЗИ АЛОҚАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ТАСАРРУФИ ПУЛИ ОБУНА АЙБДОР МЕШАВАД
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” муайян карда шуд, ки аз соли 2019 то моҳи ноябри соли 2023 аз тарафи Маркази зикршуда ҳамчун субъекти бевоситаи таъминкунандаи муассисаҳои давлатӣ бо рӯзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар ш.Ваҳдат ба ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр ба маблағи 160 ҳазору 957 сомонӣ рӯзномаю маҷаллаҳои обунавӣ тақсим карда шудаааст.
Гуфта мешавад, ки маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули ҷамоат ҷамъоварӣ гашта, ба директори Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” Тоиров Ҷ.С. давра ба давра супорида шудааст.  Аммо “минбаъд, Тоиров Ҷ.С. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, қасди тасарруфи молу мулки давлатиро назди худ пеша намуда, баъди давра ба давра ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағи 160 ҳазору 957 сомонӣ онро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.