расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ ОЛӢ 5 НАФАРРО БАРОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

ДОДГОҲИ ОЛӢ 5 НАФАРРО БАРОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРД

ДОДГОҲИ ОЛӢ 5 НАФАРРО БАРОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРД
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2024 баррасии парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро ба поён расонда, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба 5 нафар аз 14 муттаҳами ба додгоҳ эҳзоршуда ҳукми ҳабси абад додааст. Судури якбора 5 ҳукми умрбод барои як ҷиноят дар таърихи додгоҳҳои Тоҷикистон амре бесобиқа буда, бори аввал сурат мегирад. 9 муттаҳами дигар ба муҳлати аз 1 то 8 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ судури ҳукми афроди муттаҳам дар қатли Исматуллоевро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҷузъиёти ҳукм баъдтар нашр мешавад. Вале ду манбаи алоҳида  гуфтаанд, ки Додгоҳи олӣ ба ин 5 нафар ҳукми умрбод дод:
• Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ);
• Қамар Азизов;
• Акбар Аҳмадов;
• Бахтовар Сафаров ва
• Шоҳрух Хӯҷаев
Рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев пурсарусадотарин ҷинояти як соли охир дар Тоҷикистон дониста мешавад. Пайвандони Саидмуродов гуфтаанд, ки аз ҳукм норозианд. Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”, саркардаи гуруҳи одамрабоён ва Қамаруззамон (Қамар) Азизов, соҳибкор ва амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис”, фармоишгари  қатли Исматуллоев шумурда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • prds | Гости

    Pretty nice post. I just stumbled upon your weblog and wanted to say that I have really enjoyed browsing your blog posts. After all I’ll be subscribing to your feed and I hope you write again soon! 

    My website: OKBet philippines

     

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.