расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПУТИН БО КАСБИ БЕШ АЗ 87 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДАР ИНТИХОБТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ ҒОЛИБ ОМАД

Асосӣ / Ҷомеа

ПУТИН БО КАСБИ БЕШ АЗ 87 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДАР ИНТИХОБТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ ҒОЛИБ ОМАД

ПУТИН БО КАСБИ БЕШ АЗ 87 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДАР ИНТИХОБТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ ҒОЛИБ ОМАД
Тавре ҳам ки интизор мерафт, президенти кунунии Русия Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия бо касби беш аз  87 фоизи овозҳо ғолиб омад ва инак, бори панҷум президенти аз лиҳози масоҳаташ бузургтарин кишвари дунё интихоб шуд.  Соли 2018 Путин бо касби наздики 77 фоизи овозҳо ғолиби интихобот эълон шуда буд.
Комиссияи марказии интихоботи Русия хабар дод, ки бар асоси шумориши 99,52 фоизи овозҳо, Путин 87,33 фоиз, вакили 75-солаи Думаи давлатӣ ва номзади ҳизби коммунисти Русия Николай Харитонов 4,3%, Владислав Даванков, номзади ҳизби “Одамони нав” (“Новые люди”) 3,81% ва Леонид Слутский, ки баъди марги Жириновский раҳбари ҳизби миллатгарои ЛДПР интихоб шуд, ҳамагӣ 3,20% овоз гирифтаанд. Ҳарсе рақиби Путин ҳанӯз то эълони натиҷаҳои ниҳоӣ  пирӯзии Путинро дар интихоботе, ки се рӯз: аз 15 то 17 марти соли 2024 давом кард, эътироф карданд.
Аммо ба бовари нозирони умур, ин се номзади дар муқобили Путин иҷозатдодашуда дар ин маърака нақши сирф номзадҳои намоиширо бозӣ мекарданд, то ки интихоботи президенти Русия ҳадди ақал ба зоҳир алтернативӣ намоиш бидиҳанд. Номзадҳои мухолифи режими Путин ба интихобот роҳ дода нашуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • prds | Гости

    Pretty nice post. I just stumbled upon your weblog and wanted to say that I have really enjoyed browsing your blog posts. After all I’ll be subscribing to your feed and I hope you write again soon! 

    My website: OKBet manila

     

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.