расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КАМАШ ТО 18 МАРТ: ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

КАМАШ ТО 18 МАРТ: ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

КАМАШ ТО 18 МАРТ: ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 марти соли 2024 бо нашри як ҳушдор бо такя ба маълумоти ҳавошиносон, сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро хабардор кард, ки дастикам то 18 марти соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марказ, роҳи Душанбе – Хуҷанд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳо баланд боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 14 март, тахминан соати 08:54 дар километрҳои 79,3 ва 81-ум и роҳи Душанбе-Хуҷанд дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол” дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ду тармаи азим фаромада, боиси муваққатан қатъ шудани ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт шуд.
Ба ҷои ҳодиса се техникаи махсуси ширкати IRS фиристода шуданд. Рафъи оқибатҳои тарма то бегоҳ тӯл кашид ва соати 17:20 ба равуои нақлиёт иҷозат дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳушдораш гуфт, ба далели боришот, ҳамчунин обшавии барфҳо, хатари фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрез дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ –Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб баланд боқӣ мемонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.