расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАЪВАТИ МУФТӢ АЗ ТОҶИРОН: ДАР МОҲИ РАМАЗОН НАРХҲОРО НА БОЛО, БАЛКИ ПОИН БАРЕД!

Асосӣ / Ҷомеа

ДАЪВАТИ МУФТӢ АЗ ТОҶИРОН: ДАР МОҲИ РАМАЗОН НАРХҲОРО НА БОЛО, БАЛКИ ПОИН БАРЕД!

ДАЪВАТИ МУФТӢ АЗ ТОҶИРОН: ДАР МОҲИ РАМАЗОН НАРХҲОРО НА БОЛО, БАЛКИ ПОИН БАРЕД!
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор дар моҳи шарифи Рамазон ба хотири фоидаи бештар гирифтанро “амали бадтарин” номида, маҳкум кардааст.Ӯ  аз ҳамаи тоҷирон даъват кардааст, ки: “Дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад”.
Ин даъвати муфтии Тоҷикистон аз тоҷирон дар ҳолест, ки ҳар сол дар моҳи Рамазон ва дар арафаи идҳои бузург, аз ҷумла иди Рамазону  иди Қурбон ва Соли нав мардум аз беинсофона боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. 
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 11 март оғоз ёфт ва то 10 апрел давом мекунад. Дар ин моҳ мусулмонон аз субҳи барвақт то расидани шом рӯза мегиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.