расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тарҳҳои нав дар кишвари куҳна. Раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ

Асосӣ / Иқтисодиёт

Тарҳҳои нав дар кишвари куҳна. Раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ

Иттиҳоди Шӯравӣ дар барномарезиҳову нақшаҳои дарозмуддат ва пиёда кардани аҳдофи худ ҳеч ҳадду марзеро намешинохт ва барои расидан ба он ормонҳо аз ҳар роҳу василае кор мегирифт. Пиёда сохтани барномаи як гурӯҳи хурд бо номи марксист ва имтиҳон кардани он дар шашяки рӯйи замину бозӣ бо сарнавишти инсонҳо намунаи боризи ин талоши болшевикон аст.
Ҳатто ҷони инсон – волотарин мавҷуд ва ашрафи махлуқоти Офаридагор низ дар назди баъзе раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастгоҳи идеологиву мақомоти интизомии он арзише надошт. Қатли миллионҳо нафар мухолиф ва ба табъиду саргардонӣ фиристодани миллионҳои дигар бо ҷурми беасоси “душмани халқ” нишоне аз сиёсатҳои ин режими мустабид аст, ки ҳаминак ҷаҳониён аз он мегӯянд. Дар таърихи ҷаҳон чунин ҷаҳиш бо роҳи инқилобӣ кам дида мешавад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба он даст ёфтааст. Ин давлат дигар моли таърих асту имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам роҳи тайкардаи онро меомӯзанд, баррасӣ мекунанд ва дар саҳифаҳои таърих сабт мекунанд.
Иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути барномаҳои панҷсола ҳидоят мешуд. Ин барнома ба се бахши асосӣ – саноатисозӣ, кишоварзӣ ва инқилоби фарҳангӣ таркиб ёфта буд. Се барномае, ки симои Иттиҳоди Шӯравиро тамоман тағйир дода, муҳимтарин шохисаҳои ин давлат дар таърих гаштанд. Дар се гуфтори ҷудогона мехоҳем муҳимтарин саҳифаҳои ин ислоҳот ё тадбири сарнавиштсози Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ карда, паёмадҳои он барои халқу ватанамонро бозгӯ намоем.

Назария ва амалияи саноатӣ шудани Тоҷикистон

Санъатӣ ё саноатӣ шудан (дар Тоҷикистони Шӯравӣ вожаи индустриализатсия ё саноатикунонӣ истифода мегашт) фароянде буд барои афзоиши потенсилаи санъатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва коҳиши ақибмондагии иқтисодии он аз кишварҳои тавсеъаёфтаи сармоядорӣ, ки солҳои 1929-1941 анҷом шуд. Бояд гуфт, ки баъзе донишмандон поёни ин барномаро то замони салтанати Никита Хурушов (1953-1964) – раҳбари нокоми Иттиҳоди Шӯравӣ низ рабт додаанд, ки уфулу суқути Шӯравӣ аз ӯву барномаҳои хомаш сарчашма мегирад.
Яке аз ҷаласаҳои ГоспланАкс аз dzen.ru
Тадбири саноатӣ шудан мебоист Иттиҳоди Шӯравиро аз як давлати кишоварзӣ ба як кишвари санъатии пешрав бирасонад. Бунёдгузори давлати Шӯравӣ Ленин саноатӣ шуданро появу асоси сотсиализм номида, умед дошт, ки он минбаъд кишоварзии кишварро низ мутаҳаввил мекунад. Вижагиҳои саноатӣ шудани Иттиҳоди Шӯравӣ вусъати металлуржӣ, ривоҷи корҳои муҳандисӣ ва сохтусози санъатӣ буд. Дигар вижагии саноатишавӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди танҳо як шакли воҳиди моликият – сотсиалистӣ ё ба баёни дигар давлатӣ будани он мебошад, ки нақси ҷиддии он низом мебошад.
Оғози барномаи саноатӣ шудан дар Шӯравӣ ба конфаронси XI ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи апрели соли 1929 нисбат дода мешавад. Яке аз иллатҳои рӯйи даст гирифтани барномаи санъатисозӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ он буд, ки “сиёсати нави иқтисодӣ” (НЭП) дар солҳои 20-ум мавқеъияти давлат дар иқтисодро заиф кард. Зеро моликияти хусусии сармоядорӣ ҳокимияти сиёсии болшевиконро таҳдид мекард.

Инчунин кишварҳои ғарбӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ душмании ошкор дошта, хатари таҳоҷуми низомӣ ба ин кишвар низ вуҷуд дошт. Ҳамон тавре ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ (1918-1922) дахолати низомии ҷаҳони сармоядорӣ (ё ба таъбири он замон интервенсия) алайҳи давлати навпойи Шӯравӣ роҳандозӣ гашт. Зарурати дигари қабули ин барнома он буд, ки болшевикҳо тақозои кишварҳои ғарб (конференсияи Генуя дар соли 1922) дар масъалаи пардохти қарзҳои давлати императории Русия ва дигар шартҳои онҳоро қотеъона рад карданд ва ин кишварҳо муқобили Шӯравӣ таҳрим ҷорӣ карданд.
Иосиф Сталин дар суханронии маъруфи худ дар назди конфаронси коргарони Шӯравӣ эътироф кард, ки “мо 50-100 сол аз кишварҳои пешрафтаи Авурупо қафо мондаем. Бояд ин фосиларо дар арзи 10 сол тай кунем, вагарна моро поймол хоҳанд кард”. Ҳарчанд дар худи Кремл назари яксон дар робита бо саноатишавӣ вуҷуд надошт. Зеро назари раҳбари худкомаву яккатози Шӯравӣ Иосиф Сталин бо дигар сарони болшевизм – Бухарину Тротский бо ҳам тафовутҳои ҷиддӣ дошт, ки саранҷом ба барканориву қатли ҳамсафони дирӯзу рақибони “доҳии коргарони ҷаҳон”- анҷом ёфт. Ҳамин тавр, ду ҳадафи аслии саноатӣ шудани кишвар эълон гардид, ки онҳо иборат буданд аз:
1.Дастёбӣ ба истиқлоли иқтисодии комили кишвар бо ҳадафи расидан ба худкифоии иқтисодӣ ва бидуни вобастагӣ ба содироту воридот;
2. Эҷоди пояи моддӣ-фании саноати дифоии кишвар ба манзури таъсиси амнияти низомии Иттиҳоди Шӯравӣ.
Тавре маълум аст, Иосиф Сталин ва Бухарин назарияи “сотсиализм дар як кишвар” (“социализм в отдельно взятой стране”)-ро пас аз марги Ленин матраҳ карданд, ки минбаъд он ба сиёсати расмии Шӯравӣ мубаддал гардид. Усули аввалияи марксизм, ки Ленин низ онро ҷонибдор буд “сотсиализм бояд ба сурати ҷаҳонӣ барпо шавад” дар натиҷаи баҳсҳои дохилии раҳбарони Шӯравӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардид.

Оғози саноатӣ шудан ва роҳсозӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ

Ҳамин тавр, соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ раванди саноатӣ шудани кишвар оғоз гардид. Тарроҳиву нақшакашии бунёди корхонаҳои саноатӣ ба души ширкати амрикоии Алберт Кан гузошта шуд. Ин ширкат тарҳи таъсиси беш аз 500 корхонаи саноатиро кашид. Барои саноатӣ шудани кишвар, муҳандисон аз хориҷ даъват шуданд ва ширкатҳои маъруфи ҷаҳон, монанди Сименс (Олмон), Ҷенерол Электрик (ИМА) дар тарҳҳои азими Шӯравӣ ширкат карда, таҷҳизоти модерну рӯзро ворид карданд. Бисёре аз таҷҳизоти тавлидшудаи корхонаҳои Шӯравӣ дар он солҳо нусхаҳое аз аналогҳои хориҷӣ ба шумор меомаданд. Аз ҷумла, тракторҳои маъруфи корхонаи шаҳри Сталинград (Волгогради кунунӣ) монтажшудаи корхонаи Фордсони ИМА буданд. Ин ҳаракати азими сиёсӣ ва иқтисодӣ имкон дод, ки дар давоми як панҷсола ҳаҷми тавлидоти саноати вазнин чор баробар афзояд.

Нақшаи панҷсолаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои 1928-1932-ро фаро гирифт, тарҳи табдил ёфтани кишвар аз мамлкати кишоварзӣ ба саноатиро муқаррар кард. Тоҷикистон дар ҳамин давра ҳамчун ҷумҳурии Шӯравӣ тавлид ёфт ва чун чузви Иттиҳоди Шӯравӣ бар пиёдасозии ин барнома пардохт. Аммо дар ин роҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд. Якум он ки сатҳи тараққии Русия бо музофоти он, аз ҷумла минтақаҳои Осиёи Миёна хеле фарқ мекард ва нисбат ба онҳо  пешрафта буд. Дигар ин ки мувофиқи нақшаву барномарезӣ дар панҷсолаи аввал корхонаҳои асосии саноат, махсусан саноати низомӣ, дар қаламрави Русия сохта мешуданд. Мушкили савум он буд, ки дар музофот, аз ҷумла дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ҳаракати муқовимат алайҳи низоми Шӯравӣ идома дошт, ки ба раванди бунёдкорӣ халал ворид мекард. Душвории чоруми Тоҷикистон он буд, ки миёни минтақаҳои ин ҷумҳурӣ иртиботи наздик набуд, ки монеи ҷиддӣ дар роҳи бунёди корхонаҳои саноатӣ, табодули молу коло ва муносибатҳои моливу пулӣ мегардид.
Муҳимтарин самти бунёди саноат дар Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 30-ум бунёди роҳҳо ба шумор мерафт. Зеро ҳатто пойтахти ҷумҳурӣ роҳи оҳан надошт. Беҳуда нест, ки дар соли нахустини панҷсола роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ба анҷом расид ва аввалин қатора дар поизи соли 1929 ба пойтахти Тоҷикистон расида, соли 1930 масири он то Янгибозор (Ваҳдат) идома ёфт. Дар ҳамин давра роҳи камбари Душанбе-Қурғонтеппа сохта шуд. Бунёди роҳҳои дигари мошингард низ ба нақша гирифта шуд. Роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб тавассути Қурғонтеппа бунёд ва роҳи Ош-Хоруғ низ сохта шуд. Соли 1932 хатти ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд, инчунин иртиботи ҳавоӣ бо Хоруғ, Кӯлоб, Ғарм ва Тирмиз низ роҳандозӣ гашт. Ҳамин тавр, бунёди Тоҷикистони якпорчаву ба ҳам пайваста маҳз дар ҳамин давраи муҳими таърихӣ гузошта шуд ва корҳои баъдӣ замимаи ин нақшаҳои бузург буданд.

Аз вижагиҳои дигари таърихи саноатишавии Тоҷикистони Шӯравӣ он буд, ки дар қисматҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ тақрибан саноате вуҷуд надошт. Танҳо дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистони Шимолӣ (Хуҷанд, Конибодом ва Исфара) корхонаҳои хурд фаъолият мекард, ки иқтидори зиёд надоштанд. Дар ҳеч гӯшаи Тоҷикистон саҳми саноат дар буҷаи маҳаллӣ зиёду таъсиргузор набуд. Кишвар бар асари ҷангҳои тулонии хонҳои минтақа, сиёсатҳои ҳокимони танпарвару беурзаи асри XIX як гӯшаи ноободу фақири дунёи онрӯз ба шумор мерафт. Ҳаққо ки Ҳукумати Шӯравӣ, бо вуҷуди тамоми қатлу куштору бераҳмиҳояш нисбат ба ҳамаи халқҳои қаламрави он, ҷони тозае дар иқтисоди минтақа ва Тоҷикистон дамид. Аз роҳсозӣ то бунёди корхона ва аз ворид кардани техника то омӯзондани кормандон инқилоби аҷиберо ба бор овард, ки дар минтақа собиқа надошт.

Вижагиҳои саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ

Аммо набояд як воқеиятро фаромӯш кард, ки Тоҷикистони Шӯравӣ як кишвари вобаста буд, на озодӣ дошту на истиқлол. Барои он Маскав тасмим мегирифт, ки чӣ бунёд шавад, барои чӣ ва то чӣ ҳадд. Аз ин рӯ, марказ Тоҷикистонро бештар ҳамчун манбаи маводи хом нигоҳ дошта, барои бунёди саноати мустақил ва таҳаввули иқтисодии он кори асосиро накард. Ин усул то поёни Ҳукумати Шӯравӣ дигар нашуду побарҷо монд. Мушкили дигар ин буд, ки нигоҳи шовинистӣ дар миёни болшевикон нисбат ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кам набуд. Дар китоби “Ҷуғрофияи иқтисодии ИҶШС”, ки соли 1930 нашр шуд, гуфта мешуд, ки “ҳарчанд дар Осиёи Миёна баъзе аз маъданҳо вуҷуд дорад, вале онҳо вобаста ба набудани роҳ ва имконоти маҳуди энержии ин минтақа аз нигоҳи иқтисодӣ судовар нест”. Ҳамон тавре ки дар боло ишора шуд, асоси саноат дар қаламрави Русия бунёд гардид ва он натиҷаи чунин арзёбиҳои хому нигилистии баъзе аз болшевикон буд.
Кашфи манобеи Қаромазор (дар шимоли Тоҷикистон), конҳои маъдани бешумор дар Дарвозу Бадахшону Суғд дар ҳамин давра назари муҳаққиқонро дигар кард. Академик Александр Ферсман дар ин бора таҳқиқоти арзишманде иҷро карда, унвонии Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ нома навишта баён дошт, ки санъатишавии Тоҷикистон илман дуруст буда, ояндаи хубе ин кишварро дар пеш аст. Ба ғайр аз манобеъи зеризаминӣ Тоҷикистон як имтиёзи дигар дошт, ки ба қадри кофӣ мавҷуд будани неруи корӣ дар ин кишвар буд, ки барои рушди иқтисод як меъёри муҳим дониста мешавад.

Аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Душанбе - Заводи коркарди пахта. Соли 1931
Вижагии дигари саноатисозӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба санъати сабук ва ғизоӣ буд. Чун ҳанӯз манобеъи ин кишвар ба таври густурда таҳқиқ нашуда, синфи коргар низ дар ҳудуди Тоҷикистон камтар ташаккул ёфта буд. Инчунин Ҳукумати Шӯравӣ арзон тамом шудани корхонаро низ яке аз шартҳои раванди саноатишавӣ мақаррар карда буд. Дар солҳои панҷсолаи якум асосан осиёбҳои обу биринҷ, корхонҳои шаробпазӣ, коркарди абрешиму чарм, собунпазӣ ва равғанкашӣ, полиграфӣ, хиштсозӣ ва чанд нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шуд. Корхонаҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон ки дар панҷсолаи аввал бунёд гаштанд, кони Шӯроб, шабакаи гармидиҳии Душанбе, 14 истгоҳи барқӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, корхонаҳои абрешими Душанбе ва Хуҷанд ба шумор меомаданд. Дар ҳамин замон корхонаҳи коркарди пахта дар Душанбе, Қурғонтеппа, Саройкамар, Кӯлоб ва Фархор, корхонаҳои дигаре дар Конибодом, Уротеппа (Истаравшан), ва ғайра сохта шуд. Ҳамин тавр дар поёни панҷсола саҳми саноат дар иқтисоди ҷумҳурӣ аз 6 % дар соли 1929, ба 22 % дар соли 1932 расид, ки як дигаргунии мусбат дар ҳаёти кишвар буд.
Дар Тоҷикистони Шӯравӣ (мисли соири минтақаҳо) меъёри аслии саноатӣ шудан бо суръат сохтану арзон сохтан буд, ки дар ҷаҳон камназир буд. Инро ҳам метавон аз вижагиҳои санъатӣ шудани кишвар номид. Сабаби камтаваҷҷуҳӣ ба саноати вазнин дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба хотири гарон тамом шудани он ба шумор мерафт ва давлати марказӣ ҳозир ба пардохти чунин харҷҳои ҳангуфт набуд.

Панҷсолаи созандаи саноатӣ

Панҷсолаи дувум (1933-1937) барои саноати Тоҷикистон замони хубу пурборе буд. Сохтмони роҳҳои мошингард афзуд ва Душанбе тавассути Норак низ ба Кӯлоб васл шуд. То Обигарм низ роҳи мошингард сохта шуд. Дар шаҳру ноҳияҳо паркҳои мошин падид омад, ки барои ҷумҳурӣ ҳодисаи муҳиму фараҳбахш гардид. Ин пойгоҳи техникии муассисаҳои ҷумҳуриро беҳтар мекард.
Дигаргунии муҳими дигар дар Тоҷикистони Шӯравӣ он буд, ки хатти алоқаву почта дар ин марҳилаи таърихӣ хеле рушд кард ва дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 90 маркази алоқа таъсис ёфт, ки барои иртиботи ҷумҳурӣ бо гӯшаву канор ҳодисаи хеле муҳим ба шумор мерафт.  Дар ин марҳила конҳои Консой, Шӯроб, Такоб, Адрасмон ва ғайра бо иқтидори бештар кор карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил шуданд.

Ҳамчунин бо ҳиммату ҷоннисориҳои заҳматкашони тоҷик корхонаҳои пусти Душанбе, корхонаи таъмиру механикаи ба номи Орҷоникидзе, корхонаҳои таъмири Ленинобод (Хуҷанд) Қурғонтеппа (Бохтар), корхонаҳое дар Кӯлоб, Исфара, Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) ба кор оғоз карданд. Аз самтҳои асосии рушди саноати Тоҷикистон то оғози ҷанги ҷаҳонии дувум саноати ғизоӣ буд. Корхонаҳои нонпазӣ, истеҳсоли шаробу орд, консерва, равғанкашӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бунёд гардид. Инчунин дар самти матбуоту нашр низ корҳое сомон ёфта, теъдоди типографияҳои ҷумҳурӣ ба 40 адад расид.
Тамоми корхонаҳо ниёз ба барқ доштанд. Аммо дар оғоз асосан нерӯгоҳҳои дизелӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд. Аз нахустин неругоҳи обӣ-барқии Варзоб, ки дар соли 1937 ба истеҳсоли барқ шуруъ кард, то неругоҳи Помир ва неругоҳҳое, ки тавассути сӯзишворӣ фаъолият мекарданд, дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Орҷоникидзеобод (Ваҳдат), Регар ва водии Вахш бунёд ёфтанд. Ин иншоот то соли 1940 ниёзи қисме аз корхонаҳои навбунёд ба неруи барқро таъмин мекард. Дар солҳои 1929-1940 истеҳсоли ангишт дар ҷумҳурӣ хеле зиёд шуд ва конҳое дар Фону Моғиёну Назарайлоқ ва Шӯроб баҳрабардорӣ шуданд. Ҳамчунон истеҳсоли нефт дар Тоҷикистони низ оғоз шуд, ки асосан дар Конибодому Исфараву Вахш истихроҷу коркард мегашт.
Самти дигари саноат, ки дар ин давра рушд кард, маҳсулоти сохтмонӣ буд. Дар гӯшаву канори Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи зарурӣ бунёд гардиданд. Дар асоси нақшаҳои дарозмуддат корхонаи сементи шаҳри Душанбе сохта шуд, ки беш аз 80 сол барои иқтисоди кишвар хидмат кард. Инчунин дар шаҳру минтақаҳои дигар корхонаҳои битум, гач ва ғайра бунёд ёфтанд.
Дар остонаи оғози ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1939) дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе шуруъ гардид, ки бо шуруъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтмони он ба таъхир уфтод, аммо соли 1942 бахше аз он ба кор шуруъ кард. Дар замони ҷанг бисёре аз корхонаҳои саноатии қисмати аврупоии Шӯравӣ ба қисматҳои шарқӣ, аз ҷумла Осиёи Миёна кӯчиданд, вале дар ин марҳила кишварҳои ҳамсоя нисбати мо суди бештар диданд.
Дастовардҳои бузург дар саноати Тоҷикистон ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра неругоҳҳои бузурги обии барқӣ бунёд гардида, муассисаҳои азиме чун корхонаи алюминсозии Тоҷикистон бо иқтидори тамом ба кор шуруъ карданд, ки дар иқтисоди Тоҷикистон саҳифаҳои зарринро рақам зад.

Фабрикаи истеҳсоли матоъ дар Душанбе

Арзёбии саноатӣ шудани Тоҷикистон

Баррасии таърихи бунёд ва ташаккули саноати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки барномарезии он бар пояи манофеи миллӣ набуда, аз ҷумла бунёди саноат дар гӯшаву канори Тоҷикистон яксону одилона набудааст. Имкон дошт, ки дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон (ҳамчун Бадахшону навоҳии Рашт) корхонаҳои саноати кӯҳӣ бунёд гашта, дар қисматҳои дигар (ҳамчун навоҳии Кӯлобу Вахш) корхонаҳои зиёди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода шавад. Тавре таърихи навини Тоҷикистон (солҳои 90-уми асри ХХ) нишон дод, тараққии нобаробарии музофоти як ҷумҳурӣ аз авомили эътироз, ноамнӣ ва саранҷом ҷангӣ шаҳрвандӣ дар кишвар гардид.
Яке аз паёмадҳои муҳими бунёди саноати Тоҷикистон падид омадани синфи коргар буд. Синфи коргар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи коммунистӣ буд, зеро “инқилоби октябр” – зодаи ҳамин синф буд. Давлати Шӯравиро давлати коргару деҳқон мегуфтанд, ҳарчанд камтарин саҳмро дар идораи Шӯравӣ маҳз шӯроҳо доштанд. Синфи коргар низ ҳеч гоҳ ба рифоҳ нарасиду коргари Шӯравӣ муҳтоҷ боқӣ монд. Ҳатто дар солҳои 70-80-и асри гузашта, яъне дар авҷи замони Шӯравӣ ва ё беҳтарин солҳои ин ҳукумат дар филмҳои Шӯравӣ (мисли филми “ишқи ҳамкорон”-и Элдар Рязанов, соли 1977 ва ғайра) масъалаи нокифоя будани музди корӣ ва муҳтоҷии коргари Шӯравӣ нишон ошкор дода мешуд. Бо ин вуҷуд барои Тоҷикистони Шӯравӣ падид омадани синфи коргар ва нақшофаринӣ дар таърихи навин таъсири босазо дар ҳаёти мумлакат буд.

Имтиёзи вижаи синфи коргар дар ҷомеаи Шӯравӣ он буд, ки барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар ба роҳатӣ метавонистанд пазируфта шаванд. Барои ин табақаи ҷомеа дар Шӯравӣ донишгоҳҳо шуъбаи шабона доштанд. Аз соли 1919 то соли 1940 факултетҳои коргарӣ (рабфак) амал мекард, ки вижаи коргарон буда, баҳри донишафзоӣ ва такмилу омодагии онҳо пешбинӣ гашт. Ҳазорон  коргари тоҷикистонӣ дар муассисаҳои Русия, Украина ва ҷумҳуриҳои дигари қаламрави Шӯравӣ омӯзиш медиданду тахассуси худро такмил медоданд. Камбуди ҷидӣ дар ташкили синфи коргари миллӣ он буд, ки авлавият дар корхонаҳои саноатии кишвар ба мардуми русу аврупоӣ дода мешуд. Зеро дар шаҳрҳои бузург (чун Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва ғ) аз ҳисоби муҳоҷирони рус мардуми зиёд ворид шуда, беш аз нисфи коргарон аз ҳисоби ин мардум буд. Забони ҳамаи корхонаҳои Шӯравӣ низ забони русӣ гардид, ки то поёни Ҳукумати Шӯравӣ чунин боқӣ монд.

Натиҷаҳову хулосаҳо

Дар маҷмуъ, таърихи раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравиро омӯхта, нуктаҳои зеринро гуфтан мумкин аст:
1. Саноатӣ шудани Тоҷикистон аз дастовардҳои низоми Шӯравӣ буда, наметавон нақши муассири онро дар тараққиёти Тоҷикистони Шӯравиро инкор кард. Зеро, дар замони нисбатан кӯтоҳ пояҳои саноати оянда ниҳода шуд, ки барои рушди кишвар дар давоми наздик ба сад сол идома ёфт.
2. Саҳми саноат дар буҷаи кишвар тадриҷан зиёд шуда, соли 1967 аз 2/3 ҳиссаи буҷети Тоҷикистонро ташкил дод. Ин маънои онро дошт, ки кишвар дар масири саноатӣ шудан қарор дошта, ояндаи дурахшоне онро дар пеш аст. Агар дар соли 1932 дар ҳаҷми 51 миллион рубл маҳсулот тавлид шуда бошад, ин рақам дар соли 1937 ба 187 миллион расид, ки нишондоди беназир аст.
3. Дар давоми даҳ сол ду ҳадафи аслии ин барнома иҷро шуд. Яке пояҳои саноати Тоҷикистон гузошта шуд ва дигар синфи коргар падид омад. Агар нишондодҳои Тоҷикистони Шӯравӣ дар соли 1937 бо 20 соли қабл муқоиса кунем шоҳиди сад маротиба афзудани тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва сад баробар зиёд гаштани синфи коргар мегардем.
4. Аз се барномаи амали Ҳукумати Шӯравӣ (ки дар гуфтори оянда раванди колхозӣ шудану инқилоби фарҳангиро нишон медиҳем) санъатӣ шудани кишвар комилтарину беҳтарини онҳо ба шумор меояд.
5. Камбудиҳои аслии раванди санъатишавии Тоҷикистон, а) аҳамият надодан ба саноати вазнин; б) нобаробар тараққӣ кардани ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ; в) то охир санъатӣ нашудани ҷумҳурив ва кишоварзӣ (аграрӣ) мондани он; г) манбаи ашёи хом боқӣ мондан; д) ташаккул наёфтани муҳиту фазои миллӣ дар фазои саноати Тоҷикистон мебошад.
6. Имрӯз ки барномаи чоруми Ҳукумати Тоҷикстон мабнӣ бар рушди саноат рӯйи даст гирифта шудааст, омӯхтани таҷрибаи саноатишавии Тоҷикистони Шӯравӣ аҳамияти бузург дорад. Муҳим муайян кардани масири тараққии кишвар ва интихоби дурусти роҳ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.