ЯК ЗОДАИ ИСФАРА ҲАМЧУН ҶОСУСИ ҚИРҒИЗИСТОН БА 13 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ
ЯК ЗОДАИ ИСФАРА ҲАМЧУН ҶОСУСИ ҚИРҒИЗИСТОН БА 13 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон музокираҳоро бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ба Қирғизистон интиқол додани як шаҳрвандаш, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шудааст, идома медиҳад. Дар ин бора рӯзи 11 марти соли 2024 хадамоти матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод.
Рӯзи 7 март вакили Жогорку Кенеш Султонбой Ойҷигитов дар парлумон масъалаи шаҳрванди Қирғизистон Қувватбек Юлдошев (Кубатбек Юлдашев)-ро бардошт ва хабар дод, ки ӯ моҳи сентябри соли 2022 барои аёдати падару модари пираш ба Исфараи Тоҷикистон рафт, вале ҳамон шабу рӯз дар марз муноқиша сар зад ва Юлдошевро дар Тоҷикистон дастгир ва бо ҷурми ҷосусӣ барои Қирғизистон ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Ойҷигитов аз ҳукумат хост, то ба ин шаҳрванди Қирғизистон кумак бирасонанд.
Вазорати хориҷа дар посух ба масъалаи бардоштаи вакили парлумон Султонбой Ойҷигитов гуфт, сафорат пиромуни ба Қирғизистон интиқол додани Юлдошев бо мақомоти марбутаи давлатии Тоҷикистон музокирот пеш мебарад, вале “ба сабаби вижагии айбномаи зидди шаҳрванди Қирғизистон К. Юлдошев эълоншуда, ҳалли масъалаи интиқоли ӯ ба Қирғизистон назар ба парвандаҳои маъмулӣ вақти бештареро тақозо мекунад”.