расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАМАГӢ 8 СОЛИ ЗИНДОНИ “БОЕВИК”-И ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА!

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАМАГӢ 8 СОЛИ ЗИНДОНИ “БОЕВИК”-И ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА!

ҲАМАГӢ 8 СОЛИ ЗИНДОНИ “БОЕВИК”-И ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА! 
Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримовро бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) аз 12 то ба 8 сол зиндон поин овардааст. Додситони вилояти Хатлон ба зидди он эътироз кард. Вакили мудофеъ, баръакс, талаб дорад, ки ӯ пурра озод шавад.
Пештар, дар моҳи феврали имсол, Додгоҳи шаҳри Бохтар Юсуф Солиҳовро ба гуноҳи куштори гуруҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карда буд.
Мақомот гуфтанд, ӯ ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо даст дошт. Ду узви ҳамин хонавода аз зарби тир маъюби якумрӣ ҳастанд. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.
Худаш дар мурофиа гуфтааст, дар ҷойи ҳодиса буд, вале касеро накушт.
Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, дар муроҷиати 9-саҳифаӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ҳукмро бозбинӣ ва муҳлати адои ҷазоро барои Солиҳов бештар кунад. Вай ҷазои таъиншударо “номуносиб” ва “сабук” хондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.