расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 17 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР НИМИ РОҲ ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАРМОНДАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

17 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР НИМИ РОҲ ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАРМОНДАНД

17 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР НИМИ РОҲ ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАРМОНДАНД 
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон рӯзи 10 марти соли 2024 дар Телеграм-каналаш бо нашри як видео хабар дод, ки кормандони ин ниҳод дар  ҳудуди вилояти Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон 17 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз автобуси мусофирбаре, ки дар ними роҳ вайрон шуда буд, кӯчонида, муваққатан дар як масҷид ҷой кардаанд.
Дар хабар гуфта мешавад ки: “дар 3-километрии шаҳраки Темирбек Жургенови вилояти Оқтеппа, дар километри 80-уми роҳи мошингарди "Қарабутак-Комсомол-Қустанай" наҷотбахшон  мусофирони автобуси вайроншударо ба масҷиди деҳаи Темирбек Жургенов кӯчонданд. Дар автобуси мусофирбар 17 шаҳрванди Ӯзбекистону Тоҷикистон сафар мекарданд. Онҳо ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд”.
Шаҳраки Темирбек Жургенов (собиқ Комсомол)  дар фосилаи ҳамагӣ 75 километр аз Союзное, наздиктарин гузаргоҳ дар марзи Қазоқистон бо Русия ҷойгир шудааст ва бисёре аз воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия ё баракс аз Русия ба Осиёи Марказӣ муҳоҷиронро мекашонанд, аз ҳудуди ин шаҳрак мегузаранд.
Феълан маълум нест, ки мусофирони дар наздикии Жургенов дармонда ба Русия раҳсипор буданд ваё аз онҷо ба Ватан бармегаштанд? Вале ин шабу рӯз, бо поёни зимистони ҳавояш хеле қаҳратуни Русия, мавсими нави сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия оғоз гирифта истодааст.
Бино ба ҳисобҳои гуногун, ҳар сол аз 5 то 7 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан аз се кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа: Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.