расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “ЗОНАҲОИ САБЗ”: ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ БО ТАЛАБИ МАҲБУСОНИ МУСУЛМОН АЗ ХАРИДАНИ ГӮШТИ ХУК ДАСТ КАШИДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

“ЗОНАҲОИ САБЗ”: ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ БО ТАЛАБИ МАҲБУСОНИ МУСУЛМОН АЗ ХАРИДАНИ ГӮШТИ ХУК ДАСТ КАШИДААНД

“ЗОНАҲОИ САБЗ”: ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ БО ТАЛАБИ МАҲБУСОНИ МУСУЛМОН АЗ ХАРИДАНИ ГӮШТИ ХУК ДАСТ КАШИДААНД
ФСИН - Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо, ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад бо назардошти афзоиши шумораи маҳбусони мусалмон ва бо тақозои ин тоифаи маҳбусон аз харидани гӯшти хук ва истифодаи он дар пухтани ғизоҳо дар зиндонҳодаст кашидааст. Дар ин бора криминолог, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, Данил Сергеев дар мусоҳиба бо сомонаи Лента.Ру хабар дод.
Дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ, ки рӯзи 7 марти соли 2024 нашр шуд, Данил Сергеев, муҳаққиқи шинохтаи вазъи маҳбасҳо ва маҳбусон дар Русия мегӯяд, ҳоло дар Русия ба далели афзоиши шумораи маҳбусони мусалмон шумораи “маҳбасҳои сабз” торафт меафзояд ва зиёд шудани мусалмонон дар таркиби маҳбусон ба қонунҳои зиндон ва ҳатто ба вазъу мақоми ба истилоҳ “дуздони қонунӣ” (воры в законе), ки дар тӯли даҳсолаҳо умури махуфи маҳбасҳои Русия дар дасти онҳо қарор дошт, бетаъсир намондааст.
"Ҳоло қариб, ҳамаи зиндонҳои Русия то андозае "маҳбаси сабз" шудаанд. Ҳатто зиндони машҳури марказии Владимир (“Владимирский централь“) бо сабабҳои динӣ дигар барои маҳбусонаш гӯшти хук намехарад. Онҳо аз гӯшти хук бо далели зиёд шудани маҳбусони мусалмонон даст кашиданд", - гуфтааст Данил Сергеев.
Данил Сергеев мегӯяд, ки дар “зиндонҳои сабз”, ки мусалмонон аксариятанд, тартиботи дохили зиндон хубтар риоя мешавад: "Аксари мусалмононе, ки дар чунин зиндонҳо адои ҳукм мекунанд, террорист ва ё экстремист нестанд. Аз тарафи дигар, онҳо қасди ба ҳам задани низом дар маҳбасеро, ки онҷо адои ҳукм мекунанд, надоранд. Онҳо бо сари хам ва сабурона ҷазои ҳукми худро сипарӣ мекунанд. Онҳо танҳо замоне бо маъмурияти маҳбас вориди кашмакаш мешаванд, ки агар маъмурият ба рӯзаву намози онҳо кор бигирад ё алорағми хости онҳо аз гӯшти хук барояшон хӯрок бипазанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.