расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШОҲРУХ ЮНУСОВ – НАХУСТИН ТОҶИКЕ, КИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛАНРО ХАТМ КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

ШОҲРУХ ЮНУСОВ – НАХУСТИН ТОҶИКЕ, КИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛАНРО ХАТМ КАРД

Шоҳрух Юнусов, овозхони ҷавон ва пуристеъдоди тоҷик рӯзи 8 марти соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз баргузории консерти дипломиаш дар Консерваторияи шаҳри Милани Италия, яке аз муътабартарин мактабҳои олии мусиқӣ ва овозхонии дунё хабар дод. Шоҳрух Юнусов нахустин нафар аз Тоҷикистон аст, ки ин мактаби муътабари ба номи оҳангсози овозадори италиявӣ Ҷузеппе Вердиро хатм кард.
Шоҳрух Юнусов дар Фейсбук навишт: “Инак, боз як саҳифаи муҳими ҳаёти худро ҷамъбаст кардам. Консерти дипломиамро дар Консерваторияи шаҳри Милани Италия бо сари баланд хотима бахшидам. Боварии комил дорам, ки зиёда аз 5 соли таҳсил дар чунин донишгоҳи овозадор, барои расидан ба орзуҳои саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ ва тамсили ватани азизамон дар саросари дунё, нақши калидиро мебозад.
Мехоҳам, ба ифтихори Иди Модар , ин дастовардро ба модару бибии меҳрубонам туҳфа кунам. Зеро, заҳмату талошҳояшон ва дуоҳояшон дар ин роҳ аз они ман ҳам болотару боарзишанд.
Ифтихор мекунам, ки маҳз бо супориши бевоситаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ман имрӯз якумин тоҷике ҳастам, ки яке аз бошукӯҳтарин донишгоҳҳои мусиқии ҷаҳонро бо баробари Ҷакомо Пуччини, Пиетро Масканйи ва дигарон, хатм намудам. Инчунин, ба ҳамаи он нафароне, ки ба ман бовариву дастгирӣ намуданд, хусусан падару модарам, устодону дустонам аз сидқи дил арзи сипос мекунам”.
Шоҳрух Юнусов 23 августи соли 1998 дар деҳаи Пӯлодон дар канори шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, аз синни чорсолагӣ овозхонӣ мекунад.
Шоҳрух Юнусов солҳои 2007 ва 2008 ду маротиба дар озмуни “Донак” сазовори Шоҳҷоиза шуда, ҳамон сол соҳиби ҷоизаи озмуни байналмилалии “Нури умед” ва соли 2008 ғолиби озмуни “Русская песня” гардид. Ҳамчунин дар ҳамон овон Шоҳрух Юнусов олиби озмуни байналмилалии бачагонаи “Бастарғай” ва  лауреати озмуни байналмиллалии “Славянский базар” гардид.
Соли 2010 Шоҳрух Юнусов дар озмуни муътабари байналмилалии Сан Ремо дар байни наврасон (“Sanremo unior”) соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид ва дар пайи иштирок дар ин фестивал муътабар ҳамроҳи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маьруфи операи тоҷик Адҳам Холиқов дар шаҳри  Милан як консерти калон доир карданд. Шоҳрух Юнусов он вақт ҳамагӣ 11 сол дошт ва дар мактаби №25 дар зодгоҳаш,  деҳаи Пӯлодон таҳсил мекард.
Дар давраи пандемияи коронавирус Шоҳрух Юнусов, ки дар Консерваторияи Милан таҳсил мекард, бо иҷрои таронаҳои маъруф аз балкони хонааш барои сокинони дар хонаҳои худ батангомада дар Италия шуҳрати зиёд пайдо кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.