расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар Ҷидда мулоқот намуданд

Асосӣ / Сиёсат

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар Ҷидда мулоқот намуданд

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баргузор гардид. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои доғи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Фаластин мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 5 март дар шаҳри Ҷидда  ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ доир шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.