расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қиматтарин тӯйи арӯсии соли 2024

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Қиматтарин тӯйи арӯсии соли 2024

Қиматтарин тӯйи арӯсии соли 2024
Бойтарин одами Шарқ писарашро
зан дода, ҳамаро дар ҳайрат гузошт

Ҳафтаи гузашта сарватмандтарин одами Шарқ писарашро хонадор карда, чунон тӯйи бодабдабае орост, ки ҳатто миллионерҳо дар ҳайрат афтиданд. Дар ин тӯйи бодабдаба аз Марк Цукерберг ва Иванка Трамп то Дипика Падукони ва шоҳи Болливуд Шаҳрух-Хон ҳамаи одамони машҳури дунё иштирок намуданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, соҳиби маърака фақат ба Рианна барои дар тӯйи писараш суруд хондан беш аз 7 миллион доллар пул додааст.

Дар маҷмӯъ хароҷоти тӯйи мазкур, ки “Қиматтарин тӯйи арӯсии сол” ба шумор меравад, 113 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мехоҳед донед, домоди арӯси хушбахте, ки ба хотири издивоҷашон ин қадар пули зиёдро сарф кардаанд, кистанд? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!
Ду миллиордер қудо шуданд

Ин тӯйи бодабдаба, ки се шабонарӯз идома ёфт, ба ифтихори издивоҷи Анант Амбан, писари сарватмандтарин одами Шарқ, тоҷири ҳиндӣ Мукеш Амбан, соҳиби ширкати Reliance Industries ороста шудааст. Дороии ин оила 111 миллиард доллар арзёбӣ карда мешавад. Ширкати мазкурро бобои Мукеш Дхирубхай Амбани ҳанӯз соли 1958 ташкил карда буд. Холдинги мазкур яке аз калонтарин ширкатҳои Ҳиндустон ба шумор рафта, аз чандин корхонаҳои истеҳсоли неруи барқ, маводҳои кимиёвӣ, саноати бофандагӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ иборат мебошад. Падари домоди хушбахт дар як сол аз ширкаташ тахминан 110-111 миллиард доллар даромад мегирад.

Анант бо Радика Мерчант, духтари миллиардери дигари ҳиндӣ Шри Вирен Мерчант, директори генералии ширкати тиббии Encore Healthcare издивоҷ карда, сари падару модарашро ба осмон расонд.
Муҳаббат ба синну сол коре надорад
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин ду оилаи миллиардер танҳо ба хотири боз ҳам бештар гардонидани дороии худ қудо шудаанд, вале дар асл ин тавр нест. Анант ба Радика ошиқи шайдо шуда, аз байни садҳо зебосанам маҳз ӯро интихоб намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.