расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН АЗ 11 МАРТ ШУРӮЪ МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН АЗ 11 МАРТ ШУРӮЪ МЕШАВАД

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН АЗ 11 МАРТ ШУРӮЪ МЕШАВАД
Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва ҳам сомонаи расмии ин ниҳоди вобастаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4 марти соли 2024 тақвими моҳи шарифи Рамазонро, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломӣ, собиқ муфтиёти Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Бар асоси ин тақвим, моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон расман 11 март шурӯъ шуда, то 9 апрел, яъне 30 рӯзи тамом давом мекунад. Ин ба маъноест, ки нахустин намози таровеҳро мусалмонон дар масҷидҳои Тоҷикистон алакай шоми 10 март хоҳанд хонд. Аз ин тақвим ҳамчунин бармеояд, ки иди саиди Фитр дар Тоҷикистон ба эҳтимоли ғолиб рӯзи 10 апрел таҷлил карда хоҳад шуд.
Дар тақвим таъкид шудааст, ки онро раёсати Шӯрои уламо бар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Дар зери тақвим ҳамчунин хабар дода шудааст, ки бар асоси қарори раёсати Шӯрои уламо, фитри рӯза 7 сомонӣ ва фидяи савм  барои онҳое, ки бо як далели узрнок рӯза гирифта наметавонанд, барои 30 рӯзи моҳи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳамин тавр, нисоби закот, мувофиқи ҳисобҳои шаръӣ 35 ҳазору 275 сомонӣ бароварод шудааст. Яъне мусалмононе, ки дороияшон аз 35 ҳазору 275 сомонӣ, ё тақрибан 3 ҳазор доллар бештар аст, бояд закот бисупоранд. Закот аз 35 ҳазору 275 сомонӣ дар ҳадди 880 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар умум, ба ҳисобҳои ҳозира, закоти мол тақрибан 2,5 фоиз аз ҷамъи дороиҳои нафари воҷибулзакотро ташкил медиҳад.
 Мусулмонон бояд ҳар сол як маротиба барои тоза кардани моли худ аз дороиҳояшон закот бисупоранд. Закот асосан ба мардуми нодор ва эҳтиёҷманд супорида мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.