расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ИН ШАҲРЕ КИ ДУЗДОНАШ АСОИ КӮР МЕДУЗДАНД...ПУЛҲОИ АСЛИДДИНИ НОБИНОРО КӢ ДУЗДИД?

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ИН ШАҲРЕ КИ ДУЗДОНАШ АСОИ КӮР МЕДУЗДАНД...ПУЛҲОИ АСЛИДДИНИ НОБИНОРО КӢ ДУЗДИД?

ДАР ИН ШАҲРЕ КИ ДУЗДОНАШ АСОИ КӮР МЕДУЗДАНД...ПУЛҲОИ АСЛИДДИНИ НОБИНОРО КӢ ДУЗДИД? 
________________________________________
Як марди нобино дар Душанбе 6 моҳ боз касонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи кӯмак ӯро ғорат кардаанд ва пулашро бурдаанд. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, як ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулашро аз банкомат гирифтааст. Ҳарчанд, ин кор дар ҷойи серодами шаҳр ва зери дурбинҳои назоратӣ рух додааст, мақомот то ҳол ғоратгарро пайдо накарданд. Воқеа байти машҳури "дар он шаҳре, ки номардон асо аз кӯр медузданд"-po ба ёд меорад. Аслиддин Ҷалилов гуфт, ҳодиса 10 сентябри соли 2023 дар назди бозори “Корвон”-и Душанбе рух дод. Он рӯз хешовандон барои табобати писараш, ба корти бонкии Аслиддин чор ҳазор сомонӣ гузаронданд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вақте мехост бо кумаки духтараш ин маблағро аз банкомати бонки “Душанбе сити” гирад, ҷавоне онҳоро фиреб дод.
“Ҷавон гуфт, ака кортро нодуруст мондед, корт руст мекунад. Як зан садо баровард, ки бародар инҳо нобиноанд, намебинанд, барояшон ёрдам кун. Вай аз афташ мунтазири ҳамин гап буд, ки духтарчаи маро як тараф тела карду худаш назди банкомат истода, ба мо ҳазор сомонӣ гирифта дод,”- ҳодисаро нақл мекунад Аслиддин. Ба гуфтаи ин марди нобино, ҷавони ғоратгар ҳазор сомониро дар назди худашон рабуд. “Баъд корти маро акс гирифта, онро ҳамёни электронӣ пайваст мекунад ва ду ҳазор сомони дигарро аз он мегирад. Хулоса се ҳазор сомонии моро дуздид.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.