расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Латукӯб карда ва 60 ҳазор сомониро дуздиданд”. Дар Бохтар як ҷавоб ба милитсия хабар бардурӯғ додааст

Асосӣ / Ҷомеа

Латукӯб карда ва 60 ҳазор сомониро дуздиданд”. Дар Бохтар як ҷавоб ба милитсия хабар бардурӯғ додааст

Латукӯб карда ва 60 ҳазор сомониро дуздиданд”. Дар Бохтар як ҷавоб ба милитсия хабар бардурӯғ додааст

Як сокини шаҳри Бохтар бардурӯғ ба милитсия хабар додааст, ки ӯро задаву 60 ҳазор сомонӣ маблағашро тасарруф кардаанд. Ин кирдори ӯ ошкор ва акнун бар зиддаш барои расонидани хабари бардурӯғ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар Хатлон, Беҳруз Ҳабибови 29-сола, сокини шаҳри Бохтар, дар тӯли ду соли фаъолият дар бахши хидматрасонии ҶДММ "Файза" 53 ҳазор сомонии коргоҳро тасарруф карда, ба фоидаи шахсияш сарф намудааст.

Дар пайи ин, рӯзи 1-уми марти соли равон ба милитсия хабар додааст, ки ӯро ду нафар шахсони ношинос шадидан латукӯб карда ва 60 ҳазор сомонӣ маблағашро тасарруф намудаанд.

Милитсия маълум кардааст, ки номбурда “шаби 1-уи март, тахминан соатҳои 23:00 дақиқа, бо мақсади рӯйпӯш намудани маблағҳои аз ширкати болозикргардида тасарруфкардааш, дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар худро дар дохили ҷӯйбори обгузар партофта, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, сару рӯяшро олудаи хоку лой намудааст”.

“Баъдан ба кормандони ширкат занг зада, иброз доштааст, ки гӯё 2 нафар ҷавони ношинос ӯро мавриди латукӯб қарор ва ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, 60 ҳазор сомонӣ маблағҳои бо худ доштаашро, ки ба ҶДММ "Файза" тааллуқ дошт, тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”, - менависад манбаъ. 

Сипас, номбурда ба беморхона интиқол дода шуда, айнан чунин хабари бардурӯғро ба кормандони милитсия расонидааст, гарчанде барои расонидани хабари бардурӯғ оид ба содиршавии ҷинояти вазнин огоҳонида шуда, тариқи хаттӣ баёнот додааст.

Ҳоло нисбати Беҳрӯз Ҳабибов барои сохтани ҷинояти вазнин ва расонидани хабари бардурӯғ перомуни содиршавии ҷинояти вазнини роҳзанӣ тибқи талаботи моддаи 346, қисм 2, бандҳои "а, в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда ва тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.