расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОРИДАНИ БАРФ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 3 МАРТ ДАВОМ МЕКУНАД

Асосӣ / Ҷомеа

БОРИДАНИ БАРФ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 3 МАРТ ДАВОМ МЕКУНАД

БОРИДАНИ БАРФ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 3 МАРТ ДАВОМ МЕКУНАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти ҳавошиносон, аз 1 то 3 марти соли 2024 дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво пойин рафта, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдоман ҳарорати ҳаво аз 0 то -5 дараҷа сард ва дар ноҳияҳои кӯҳистон аз -8 то -13 дараҷа сард хоҳад шуж. Рӯзҳои 1-3 март дар бархе манотиқи Тоҷикистон барфи шадид пешбинӣ карда мешавад. Дар бархе ноҳияҳои водию кӯҳдоман ва дар ағбаҳо рӯзҳои 1-5 март туман фаромада, дар роҳҳо ҳамчунин яхбандон пешбинӣ карда мешавад. Ба далели боришот рӯзҳои 1-4 март дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳои нав ва сангрез побарҷо боқӣ мемонад.
Тармаву сангрез офатҳои табиии хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 тарма ва 48 ярчу сангрез сабт шуда, чандин нафар дар ин офатҳо куштаю захмӣ шуданд. 
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, обу ҳавои номусоид ҳамчунин барои равуои нақлиёт, анҷоми корҳои деҳқонӣ ва соҳаҳои алоқаву энергетика ва хоҷагии коммуналӣ мушкилоти зиёд ба вуҷуд меорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки обу ҳавои номусоид метавонад боиси канда шудани хатҳои барқ ва бомҳои хонаҳо, афтидани дарахтон ва баннерҳои тарғиботӣ шавад. Ба ин далел аз сокинон хоста шудааст, ки ҳангоми дар кӯча қарор доштанашон, аз хатҳои барқ, дарахтҳо ва баннерҳои тарғиботтӣ ҳадалимкон дуртар биистанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.