расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ДУШАНБЕ ЯК МАРД ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ БА ЧОҲИ ЧУҚУРИАШ 3 МЕТР АФТОДААСТ ( АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК МАРД ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ БА ЧОҲИ ЧУҚУРИАШ 3 МЕТР АФТОДААСТ ( АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

ДАР ДУШАНБЕ ЯК МАРД ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ БА ЧОҲИ ЧУҚУРИАШ 3 МЕТР АФТОДААСТ (2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)
Шоми 28 феврали соли 2024 соати 19:56 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як мард занг зад ва хабар дод, ки дар кӯчаи Аҳмади Дониш №17, наздикии тарабхонаи «ОК» марде ба чоҳи семетра уфтод ва ба кумак ниёз дорад. Барои расонидани ёрӣ дастаи навбатдорон аз воҳиди наҷоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд. Имдодгарон бо ресмон ба умқи ин чоҳ рафтанд ва ӯро бо эҳтиёт боло оварданд. Дар ҷои ҳодиса ӯро алакай табибон мунтазир буданд. Маълум шуд, ки ин мард дар ҳолати сархушӣ аз шароб ба ин чоҳ  фурӯ рафтааст. 
Бино ба хабари дигари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи 29 феврали соли 2024, соати 09:39, як зани сокини кӯчаи Тилло Пӯлодӣ, хонаи 41 ба қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар дод, ки ду бошандаи ин бино андаруни лифт мондаанд ва ба ёрии фаврӣ ниёз доранд. Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе филҳол расиданд.
Маълум шуд, ки ин ду сокини бино вақте ба хона бармегаштанд, савори лифт шуданд, вале он миёни ошёнаҳои бино дармонд. Беш аз як соат мунтазир шуданд, ки лифт дубора ба кор медарояд. Ба хадамоти садамавӣ ва диспетчер занг задаанд, аммо касе ба имдодашон нарасидааст ва онҳо ноилоҷ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг задаанд.   
Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари лифтро боз кардан два сокинонро аз он берун оварданд. Онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.