расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “ЮРИШ”-И “ПОЛКОВНИК БАҲРОМ” БА ХОНАИ МОДАРИ ЯК СОҲИБКОР: “БАЧААТ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗ ДОРАД, БИОЯД, ГАПЗАНОН КУНЕМ!”

Асосӣ / Ҷомеа

“ЮРИШ”-И “ПОЛКОВНИК БАҲРОМ” БА ХОНАИ МОДАРИ ЯК СОҲИБКОР: “БАЧААТ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗ ДОРАД, БИОЯД, ГАПЗАНОН КУНЕМ!”

“ЮРИШ”-И “ПОЛКОВНИК БАҲРОМ” БА ХОНАИ МОДАРИ ЯК СОҲИБКОР: “БАЧААТ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗ ДОРАД, БИОЯД, ГАПЗАНОН КУНЕМ!”
Фарҳод Юлдошев, як соҳибкори муваффақи тоҷик, ки дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ва ҳамчунин дар зодгоҳаш, вилояти Суғди Тоҷикистон тиҷоратҳои комёб дорад, рӯзи 1 марти соли 2024 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” аз нафаре бо номи “Баҳром” шикоят  кард, ки худро “полковник” ва “корманди ВКД” муаррифӣ мекард ва зоҳиран бо мақсади пул кандан модари солхӯрдаи ӯро дар шаҳри Бӯстон мавриди таъқибу тергав ва истинтоқ қарор дода, билохира сабаби ба бемории саратон гирифтор шудани ин зани 70-сола шудааст.
Бино ба нақли Фарҳод Юлдошев, “Баҳром” моҳи ноябри соли 2023 ду дафъа ба хонаи онҳо дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск), кӯчаи Темурмалик, хонаи №22, “юриш” карда, модарашро Раҷаббӣ Юлдошеваро тарсондааст, ки гӯё писари ӯ, яъне Фарҳод Юлдошев 2 миллион доллар қарздор аст ва бояд ҳатман ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир шуда, “масъалаашро гапзанон кунад”. Ин “юриши якум” ончунон ногаҳонӣ буд, ки наздикони Фарҳод Юлдошев ҳатто фурсати ба навор гирифтанашро наёфтаанд. Онҳо мегӯянд, “Баҳром” бидуни ибо ва нишон додани ягон ордер даруни ҳуҷраҳои онҳо зада даромад ва аз дигар бошандагони хона ҳам киву чикора буданашонро мепурсид ва аз модари Фарҳод Юлдошев талаб мекард, ки “ба писарат занг зан, ки омада, масъалаи қарзашро гапзанон кунад”.
Дафъаи дуюме, ки “Баҳром” боз ҳам ба суроғи Фарҳод Юлдошев ба хонаи модари ӯ омад, аҳли хонавода ин дафъа омодагӣ дида буданд ва ҷараёни гуфтугузор бо ӯро сабт карданд. Як нусхаи ин навор ва гуфтугӯҳои телефонии Фарҳод Юлдошев бо “Баҳром” дар дасти идораи “Бомдоди” низ ҳаст ва дар навор дида мешавад, ки “Баҳром” ҳатто баъди фаҳмидани инки ӯро ба навор гирифта истодаанд, ягон парво ё эҳсоси тарс намекунад ва ҳамчунон пуррӯёна талаб мекунад, ки “Фарҳод ба ман занг занад ва масъалаи қарзашро гапзанон кунад!”
Ӯ дар ин навор бори дигар худро “полковник” ва “корманди ВКД” муаррифӣ мекунад ва ҳатто як ҳуҷҷати сурхи монанд ба ҳуҷҷатҳои хидматии кормандони милитсияро нишон медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.