расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РАҲБАРИИ ГОРДИ МИЛЛӢ, ДОДСИТОНИИ КУЛ ВА ДОДГОҲИ ИҚТИСОДӢ

Асосӣ / Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РАҲБАРИИ ГОРДИ МИЛЛӢ, ДОДСИТОНИИ КУЛ ВА ДОДГОҲИ ИҚТИСОДӢ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РАҲБАРИИ ГОРДИ МИЛЛӢ, ДОДСИТОНИИ КУЛ ВА ДОДГОҲИ ИҚТИСОДӢ
Рӯзи 29 феврали соли 2024 президенти Тоҷикистон бо судури чанд фармон дар роҳбарии Додситонии кул, Горди миллӣ ва додгоҳи иқтисодӣ чанд тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Аз ҷумла баъди инки рӯзи 28 феврал Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои президент дар бораи таъйини муовини аввал ва муовинони Додситони кулли ҷумҳуриро пазируфт, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 феврал “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Зоирзода Икром Оймаҳмадро аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рофизода Мирзоамон Ҳамдам ва Талбакзода Дилшод Саидро аз вазифаи муовинони Прокурори генералӣ озод карда, Каримзода Умед Раҳматшоро муовини якум, Азимзода Сарвар Бозорро муовини Прокурори генералӣ ва Воҳидзода Ҳабибулло Сайдуллоро муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард. Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони 3 раёсати Додситонии кул низ “аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассус ва корозмудаи ин соҳа” таъйин гардиданд.
Ҳамин тавр, бо фармони президент боз ҳам бо ҳамон далели расмии “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Аминзода Сайдабону Рустам ва Саидзода Зулфия Саид аз вазифаи судяҳои суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шуда, Комилӣ Файзалӣ раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Аммо аз ҳама тағйироти ҷиддӣ ва бузурги кадрӣ дар раҳбарии Горди миллӣ сурат гирифт. Аз ҷумла бо фармонҳои президент Азаматзода Баҳриддин Вайсиддин Сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Горди миллӣ, Бобозода Лутфулло Нусратулло муовини фармондеҳи Горди миллӣ оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ Халифа муовини фармондеҳи Горди миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъйин гардиданд. Ҳамин тавр, рӯзи 29 феврал бо фармонҳои президент сардорони чанд раёсат ва фармондеҳони аъзе қисмҳои ҳарбии Горди миллӣ иваз карда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.