расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ БАҲРОМУ ҶАМИЛА БО САНГАЛИЮ ҒОЛИБҶОН: НАШРИ РӮЙХАТТИ ОВОЗХОНҲОИ АЗ АНДОЗ ҚАРЗДОР

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ БАҲРОМУ ҶАМИЛА БО САНГАЛИЮ ҒОЛИБҶОН: НАШРИ РӮЙХАТТИ ОВОЗХОНҲОИ АЗ АНДОЗ ҚАРЗДОР

АЗ БАҲРОМУ ҶАМИЛА БО САНГАЛИЮ ҒОЛИБҶОН: НАШРИ РӮЙХАТТИ ОВОЗХОНҲОИ АЗ АНДОЗ ҚАРЗДОР
Рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 29 феврали соли 2024 рӯйхатти 23 овозхони аз андоз қарздорро нашр карда, афзудааст, ки дар шумораи оянда рӯйхатти овозхонҳоеро нашр хоҳад кард, ки то ҳол худро дар ниҳодҳои андоз сабти ном накардаанд ва бидуни шаҳодатнома, ё патент ҳунарнамоӣ ва пул кор мекунанд.
Аммо дар рӯйхатти сиёҳи 23 овозхони аз андоз қарздор, ки қарзашон ба ҳолати то 23 феврали соли 2024  аз 2178 сомонӣ то 104 ҳазору 272сомонӣ номи танҳо чанд овозхони машҳур дида мешавад. Аз ҷумла Сангалӣ Мирзоев, бино ба иддаои муаллиф Тоҳири Зикрулло, аз андоз 10 ҳазору 619 сомонӣ, қарзи Ғолибҷон Юсупов 5 ҳазору 14 сомонӣ ва Алишерхон Ибодуллоев 19 ҳазору 317 сомонӣ қарздор будаанд. Чунин ба назар мерасад, ки дигар ситораҳои №1 ё андози худро ҳама сари вақт месупоранд ваё Кумитаи андоз аз “шарманда” кардани онҳо ин бор худдорӣ кардааст.
Вале ду зинаи аввалро дар ин рӯйхат Баҳром Ашӯров ва овозхони асосан тӯйгард Ҷамила Каримова ба даст овардаанд, ки ба ҳисоби мақомоти андоз, бақияи қарзи андози Баҳром Ашӯров 104 ҳазору 272 сомонӣ ва аз Ҷамила Каримова 81 ҳазору 398 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Файзалӣ Умар, боз як овозхони тӯйгард аз андоз 57 ҳазору 687 сомонӣ, Зафарҷон Гулматов 43 ҳазору 275 сомонӣ, Дилшод Айматов 35 ҳазору 56 сомонӣ,Соҳибҷон Кенҷаев 31 ҳазору 248 сомонӣ, Шарофиддин Ёрматов 23 заору 475 сомонӣ, Бахтовар Маҳмудов 20 ҳазору  120 сомонӣ ва Машрап Раҷабов 14 ҳазору 19 сомонӣ қарздор буда, бақияи қарзи ҳунармандони дигар аз 2 ҳазору 178 то 7 ҳазору 799 сомониро ташкил медиҳад.
Зикр шудааст, ки то 1 январи соли 2024, маблағи бақияи қарзи андозҳои сарояндагон зиёда аз 570 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар натиҷаи корбарӣ ва чораҷӯиҳои мақомоти андоз, то 23 феврал қарзи сарояндагон 68 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт. Муаллиф менависад, аксари ҳунармандони аз андоз қарздор дар васфи Ватан ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ шеъру тарона мехонанд ва худро ватанхоҳу ватанпараст нишон медиҳанд, вале “ҳунармандон низ баробари ватанхоҳиву ватансароӣ бояд ба пардохти андозҳои муқарраршуда таваҷҷуҳ дошта бошанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.