расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ШАҲРИ БОХТАР 4 МАНСАБДОРРО БАРОИ ИФЛОСИИ КӮЧАҲО ПРОТОКОЛ КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ШАҲРИ БОХТАР 4 МАНСАБДОРРО БАРОИ ИФЛОСИИ КӮЧАҲО ПРОТОКОЛ КАРДААНД

ДАР ШАҲРИ БОХТАР 4 МАНСАБДОРРО БАРОИ ИФЛОСИИ КӮЧАҲО ПРОТОКОЛ КАРДААНД
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 27 феврали соли 2024 хабар дод, ки милитсияи экологиву сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар 4 тан аз масъулон, аз ҷумла 2 раиси маҳалла, як мудири мактаб ва як корманди ЖКХ-ро барои тоза накардани партовгоҳҳо ва дар ҳолати ифлосӣ қарор доштани муҳити зист протокол кардааст.
Милитсияи Хатлон мегӯяд, ахиран дар доираи як чорабинии мақсаднок, яъне рейди шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар якчанд манзараҳои ҳузнангез, ҳолатҳои ғайриқонунӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда партофтани партовҳо ва саривақт тоза накардани партовгоҳҳо аз ҷониби масъулони корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Бохтар ошкор ва муайян карда шуд. Дар натиҷа нисбати масъулон ва раисони якчанд маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, ки дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъул ба ҳисоб рафта, бепарвоӣ зоҳир кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла нисбати:
- сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Бохтар Тағаймуродов Алишер; 
- раиси маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар Тағоев Боймурод;
- раиси маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар Шомаҳмадова Марҳамат;
- директори МТМУ № 10 шаҳри Бохтар Худойназарова Хуршеда.
Дар аксҳои нашршуд дар паҳлуи мактаби №10 ва дар маҳалллаҳои Борбад ва Кайҳоннавардон ғарамҳои бузурги партов дида мешаванд, ки касе дар фикри тоза карданашон нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.