расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САКТАИ ДИЛ АЗ САРДӢ. Ин бемориро чӣ гуна метавон пешгирӣ намуд?

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

САКТАИ ДИЛ АЗ САРДӢ. Ин бемориро чӣ гуна метавон пешгирӣ намуд?

Дар мавсими сармо аз бетаваҷҷуҳӣ на танҳо кӯдакон, балки пиронсолон низ гирифтори  бемориҳои гуногун мешаванд. Ҳарорати пасти ҳаво аксар вақт боиси хуруҷи  бемориҳои дилу раг, бахусус бемории ишемияи дил мегардад, зеро бадани инсон хунук мешавад, ки ин боиси танг шудани рагҳо мегардад. Мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои қалби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Баҳодур Зокиров ба АМИТ «Ховар» дар бораи ин беморӣ, пайомадҳо ва роҳҳои пешгирии он изҳори назар намуд.
Ҳавои сард ба кори дилу рагҳо чӣ таъсир мерасонад?
«Стенокардияи сард» (сактаи дил) — як ҳамлаи дарди дил аст, ки бо пастшавии якбораи ҳарорат ба амал меояд. Аксаран, вақте шахс дар зимистон дар сардиҳо аз ҳуҷраи гарм ба кӯча мебарояд, мушкилӣ ба амал меояд. Дар ҳавои сард ва шамол рагҳои канории бадан танг ва сатҳи адреналин баланд мешавад, мувозинати фишор нақз (вайрон) мегардад – таппиши дил паст шуда, хатари бемориҳои дилу раг ва гардиши хун меафзояд. Азбаски ҳавои сард ба системаи масуният таъсири манфӣ мерасонад ва роҳро барои сироятҳо мекушояд, ҳолати илтиҳобӣ ба вуҷуд омада, метавонад ба бемориҳои дилу рагҳо бурда расонад»,- гуфт Баҳодур Зокиров.
Нишонаҳои бемории ишемикии дил кадомҳо мебошанд?
Дар робита ба бемории ишемикии (уруқи) дил (БИД) табиб онро беморие номид, ки ҳангоми танг ё пурра баста шудани яке аз шараёнҳои хунгарди дил ва ба мушаки дил ба таври нокифоя рафтани хуни аз оксиген ғанӣ ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии беморӣ – дарди сӯзишнок ё фишороварандаю хурӯҷкунанда дар паси устухони китф, қафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап, байни шонаҳо интиқол ёбад, ҳисси норасоии ҳаво, дилбеҳузурӣ, арақкунии зиёд ва ғайра ба шумор мераванд.
Дар бисёр ҳолатҳо ба чунин мушкилот одамон пас аз гирифторӣ ба ҳаяҷони зиёд, фишори музмин ва инчунин тамокукашӣ дучор мешаванд.
Бемориҳои дилу рагҳоро чӣ гуна метавон пешгирӣ намуд?
Баҳодур Зокиров барои пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ба афроди гирифтори бемории қалб дар ҳавои сард тавсия дод, ки ба саломатиашон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
«Шахсе, ки ба кори фикрии якранг машғул шуда, кам ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул мешавад, бояд дар ҳар 2 соат дар ҳарорати муқаррарӣ дар манзил ё мавзеи кор 10-15 дақиқа сайру гашт кунад, дасту пояшро ҳаракат дода, гардиши хунро фаъол намояд, то рагҳои ғайрифаъол ба кор дароянд ва фаъолтар шаванд. Дар ҳолати фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд», — афзуд номбурда.
«Ҳамчун пизишки ин соҳа тавсия медиҳам, ки ҳар кас ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини бемориҳои дилу рагҳо ҳатман ба духтури мутахассис муроҷиат намуда, ёрии аввалинро дарёфт намояд», — гуфт табиб.
Табиби дилшинос тавсия медиҳад, ки ҳар шахс бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад, яъне даст кашидан аз тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, ҳадди ақалл кам кардани истеъмоли он, инчунин мубориза бо асабонияти шадид, ки имрӯз роҳҳои зиёде барои барқарор намудани оромии руҳ вуҷуд доранд, аз ҷумла доруҳои оромкунандае, ки  мутахассисон тавсия медиҳанд. Қоидаҳои парҳез ё истеъмоли ғизои солимро бояд риоя намуд. Ҳар шахс бояд истеъмоли хӯрокҳои камравған, истифодаи миқдори ками намаки ошӣ ва шириниҳоро риоя намояд. Кам кардани вазни бадан асоси табобати фишорбаландӣ, бемории ишемиявии дил ва диабети қанд мебошад.
Духтури дилшинос инчунин тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои сард либоси гарм, рӯймол ва дастпӯшак пӯшанд.
«Агар ҳангоми ба хунукӣ баромадан ё баръакс, ҳангоми пас аз сармо ба ҳуҷраи гарм ворид шудан сар чарх занад, ҳарорати бадан боло равад, фишор мунтазам баланд ё паст шавад, дард ва нороҳатӣ дар қафаси сина ё сутунмӯҳра ба амал ояд, пас ин фурсате аст, ки фавран бояд ба духтур муроҷиат намуд», — маслиҳат дод табиб.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.