расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЗОЯ ҚОСИМОВА (“ФОЛБИНИ ЗОЯ”) – ЯК ФОЛБИНИ МАШҲУР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЗОЯ ҚОСИМОВА (“ФОЛБИНИ ЗОЯ”) – ЯК ФОЛБИНИ МАШҲУР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БОЗДОШТИ ЗОЯ ҚОСИМОВА (“ФОЛБИНИ ЗОЯ”) – ЯК ФОЛБИНИ МАШҲУР ДАР ШАҲРИ БОХТАР (3 АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз боздошти як зани солхӯрдаи 69-сола дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази ин вилоят бо иттиҳоми мардумфиребӣ хабар дод ва гуфт, Қосимова Зоя бо роҳи гӯё фолбинӣ ва сеҳру ҷоду шаҳрвандонро фиреб медод: "Шаҳрванд Қосимова Зоя, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Осимии шаҳри Бохтар дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будааст. Қосимова Зоя ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди маризон даво мебахшад, бар ивази ин амалҳои худ маблағи муайяне талаб мекардааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар асл саводу дониши тиббӣ ва динӣ надошта, маҳз ба хотири ривоҷ бахшидани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағи муфт ба ин корҳо машғул будааст”. 
Чанд сокини Бохтар ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки фолбини Зоя аз фолбинҳои машҳур дар ин шаҳр ва водии Вахш ба шумор мерафт ва ҳар рӯз даҳҳо корафтода барои анҷоми корҳое, чун фолкушоӣ, кушодани роҳи бахт ва ҳатто бо нияти табобат ба хонаи ӯ меомаданд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.