расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЧАНД НАТИҶАИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ РУСИЯ БА ЗИДДИ УКРАИНА: НИМ МИЛЛИОН КУШТАЮ ЗАХМӢ, 10 МИЛЛИОН ГУРЕЗА...

Асосӣ / Ҷаҳон

ЧАНД НАТИҶАИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ РУСИЯ БА ЗИДДИ УКРАИНА: НИМ МИЛЛИОН КУШТАЮ ЗАХМӢ, 10 МИЛЛИОН ГУРЕЗА...

ЧАНД НАТИҶАИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ РУСИЯ БА ЗИДДИ УКРАИНА: НИМ МИЛЛИОН КУШТАЮ ЗАХМӢ, 10 МИЛЛИОН ГУРЕЗА...
Аз оғози ҷанги Русия ба зидди Украина ду сол гузашт. Артиши Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 ба қаламрави Украина ҳамла овард. Тайи ду соли ҷанг аз ҳарду тараф беш аз ним миллион нафар куштаю захмӣ шуданд, беш аз 10 миллион нафар гуреза шуданд, аз ҷумла 6 миллиону 400 ҳазор украинӣ ба хориҷ паноҳ бурданд.  Даҳҳо шаҳру садҳо шаҳраку деҳа  вайрону валангор гардида, зарари расида аз ин ҷанг алакай садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати то рӯзи 24 феврали соли 2024, 18 фоизи қаламрави Украина аз сӯи Русия ишғол шудааст. Ҷонибҳо аз нашри омори талафоти худрӯ худдорӣ мекунанд. Вале моҳи декабри соли 2023 ниҳодҳои ҷосусии Амрико дар бораи  315 000 афсару аскари куштаву захмӣ гузориш дода буданд. Моҳи августи соли 2023 нашрияи амрикоии "Ню-Йорк таймс"  хабар дод, ки ба ҳисоби мақомҳои Амрико, аз ҷониби Украина 70 000 сарбоз кушта ва аз 100 000 то 120 000  нафар захмӣ шудаанд ва талафоти ҷониби Русия нисбатан бештар аст: аз аввали ҷанг то моҳи августи соли 2023 аз тарафи Русия 120 000 аскару афсар кушта ва 170 000-180 000 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни ҷангҳо нишон медиҳад, ки тарафҳо дар як соли охир тақрибан ягон пешрафти қобили мулоҳиза накардаанд. Хатти ҷабҳа, ки қариб 1000 километрро ташкил медиҳад, дар моҳҳои охир, тақрибан тағйир наёфтааст ва ҷонибҳо ба ин далел ишғоли ҳатто ягон деҳа, ё шаҳрак ва ҳатто ягон пул ё баландиро ҳамчун “пешрафти ҷиддӣ” намоиш доданӣ мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.