расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “РАВШАН”-И КӮЛОБ БОРИ АВВАЛ ҒОЛИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

Асосӣ / Варзиш

“РАВШАН”-И КӮЛОБ БОРИ АВВАЛ ҒОЛИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

“РАВШАН”-И КӮЛОБ БОРИ АВВАЛ ҒОЛИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД
Дар шаҳри Ҳисор сездаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб таҳти роҳбарии мураббии шинохтаи тоҷик Аҳлиддин Турдиев бар бошгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ғалабаовар футболбози нави тими шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Зарипов гардид, ки дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф шуд. «Равшан» бори аввал дар таърихаш Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА-и Душанбе бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Мусобиқаҳо барои Ҷоми ФФТ аз соли 2012 ба ин тараф, инак бори 13-ум доир гардид. «Равшан» соли 2020 низ ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт, вале он вақт аз тими “Кӯктош” аз ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Барои “Ҳосилот” низ ду дуюмин финал буд. Ин бошгоҳ соли 2022 дар финал аз “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби бузурги 0:4 мағлуб шуда буд.
Аз ҳама бештар – 6 маротиба –  Ҷоми ФФT насиби “Истиқлол” (Душанбе) шудааст. “Регар-ТадАЗ” низ 6 маротиба то ба финали Ҷоми ФФТ расидааст, вале ин Ҷомро се маротиба насиби худ гардонда, дар се бозии дигари финалӣ мағлуб шудааст.  Бошгоҳҳои  «Хайр» (Ваҳдат), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), КМВА (Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб якмаротибагӣ соҳиби Ҷоми ФФТ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.