расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати имрӯзаи ҷаҳони муосир  иброз намуданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегирад. 
Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад».
Дар чунин шароит ҳар шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор ҳастанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имконияти беҳтарин муҳайё шудааст ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем, — таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.