расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АРЗИШИ ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИК РУСТАМ ЯТИМОВ ДАР БОЗОР БА 1,2 МИЛЛИОН ЕВРО РАСИД

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

АРЗИШИ ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИК РУСТАМ ЯТИМОВ ДАР БОЗОР БА 1,2 МИЛЛИОН ЕВРО РАСИД

АРЗИШИ ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИК РУСТАМ ЯТИМОВ ДАР БОЗОР БА 1,2 МИЛЛИОН ЕВРО РАСИД
Дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, тибқи арзёбии пойгоҳи  Тransfermarkt,  то ба 1 миллиону 200 ҳазор евро боло рафтааст. Ҳамин тариқ, ӯ мақоми гаронарзиштарин дарвозабони Осиёи Марказӣ ва гаронбаҳотарин футболбози Тоҷикистонро ба даст овард. Илова бар ин, Ятимов ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозони Осиёи Марказӣ шомил шуд. Лозим ба зикр аст, ки арзиши Рустам Ятимов, тибқи арзёбиҳои ин пойгоҳ, дар як соли охир ду маротиба боло рафтааст. Моҳи декабри соли 2022 арзиши Рустам Ятимов 500 ҳазор евро, моҳи августи соли 2023 алакай 750 ҳазор евро ва моҳи декабри соли гузашта 900 ҳазор евро гуфта мешуд.
Арзиши умумии аъзои тими миллии Тоҷикистонро “Трансфермаркт” 8 миллиону 340 ҳазор евро баровард кардааст.
Маҳз ҳунарнамоии ба таври боварнокарданӣ олии тими миллии Тоҷикистон ва бавижа Рустам Ятимов дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар сабаби чунин боло рафтани арзиши футболбозони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ шудааст. Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бори аввал дар таърихаш то ба даври чорякниҳоӣ расид. Рустам Ятимовро аксари мутахассисони футбол як кашфиёти Ҷоми Осиё -2023 ва беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот мешуморанд.
Рустам Ятимов 13 июли соли 1998 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба дунё омадаст. Падари ӯ Бобораҳим Ятимов тоҷик аст, модараш– аз Русия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.