расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ НИШОНИ НУҚРАИ “GRAND SLAM BAKU 2024”-РО БА ГАРДАН ОВЕХТ

Асосӣ / Варзиш

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ НИШОНИ НУҚРАИ “GRAND SLAM BAKU 2024”-РО БА ГАРДАН ОВЕХТ

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ НИШОНИ НУҚРАИ “GRAND SLAM BAKU 2024”-РО БА ГАРДАН ОВЕХТ 
Паҳлавони ҷавону ояндадори тоҷик Абубакр Шеров рӯзи 17 феврали соли 2024 дар мусобиқаи  бонуфузи гуштини дзюдо (ҷудо) “Baku Grand Slam 2024” дар вазни то 73 кило сазовори ҷои дуюм ва нишони нуқра шуд. Ин нахустин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳо аз силсилаи “Гранд Слам” дар соли 2024 аст. Абубакр Шеров дар вазни -73кг то расидан ба финал  бар Александру Раику (Руминия), Михаил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдулоев (Имороти Муттаҳидаи Араб), Артур Маргелидон (Канада) ва Аюб Хоҷалиевро (дастаи варзишгарони фардии бетараф) дастболо шуд. Дар даври ниҳоӣ Абубакр Шеров бо Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон, ки дар раддабандии ҷаҳонии гуштини ҷудо дар вазни то 73 кило мақоми аввалро дар даст дорад, вориди рақобат шуд, вале муттаассифона, ин дафъа бахт ба рӯи паҳлавони тоҷик нахандид.
Мухлиси гуштин Абубакр Бачамардов ҳунарнамоии Абубакр Шеров дар Боку. Аз ҷумла дар муқобили Ҳидоят Ҳайдаровро “майдондории шердилона” ба қалам дода, навиштааст: “Ин ҷойи 2-юм як ҷилои тоза ва насими наве дар ҷудои тоҷик вазид. Ин боз як таърихсозии навини ҷудокори 20 солаи тоҷик буд, ки соли ҷудои тоҷикро бо ин пирӯзӣ оғоз бахшид. Шореҳи рус хуб қайд, кард, ки: "хеле ҷудокори хатарнок ба майдон омад. Ин ҷавон чунон бошиддат рақобат кард, ки ҳатто ҷудокори рақами 1-и вазни -73 шаҳди пирӯзиро бо хурсандӣ истиқбол накард".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.