расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲУШДОРИ ВАЗИРИ “ТОЛИБОН” БА КИШВАРҲОИ МИЗБОН ВА ҲОМИИ МУХОЛИФОНИ “АМОРАТИ ИСЛОМӢ”

Асосӣ / Ҷаҳон

ҲУШДОРИ ВАЗИРИ “ТОЛИБОН” БА КИШВАРҲОИ МИЗБОН ВА ҲОМИИ МУХОЛИФОНИ “АМОРАТИ ИСЛОМӢ”

ҲУШДОРИ ВАЗИРИ “ТОЛИБОН” БА КИШВАРҲОИ МИЗБОН ВА ҲОМИИ МУХОЛИФОНИ “АМОРАТИ ИСЛОМӢ” 
Вазири муҳоҷирати ҳукумати "Толибон" рӯзи 15-уми феврали соли 2024 дар ҷамъомаде, ки бахшида ба муносибати 35-умин солрӯзи хуруҷи артиши Шӯравӣ аз Афғонистон доир гардид, бе бурдани номи кишваре ба давлатҳои "мизбон ва ҳомӣ"-и мухолифони ин гурӯҳ ҳушдор дод, ки "Толибон" хусумати онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард". Бино ба иттилои нашрияи афғонии “Тулӯъ”, Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирон ва узви аршади шабакаи "Ҳаққонӣ" гуфтааст, ки "душманони "Толибон" дар ҳар ҷое, ки бошанд ҳадаф қарор хоҳанд гирифт".
Дар идомаи сӯҳбатҳояш ин мансабдори воломақоми "Толибон" ва узви шабакаи тундрави "Ҳаққонӣ", ки дар гузашта хунинтарин амалҳои террористиро дар дохили Афғонистон, аз ҷумла дар донишгоҳҳову беморхонаҳо анҷом дода буданд, таъкид кард, ки "агар касе бо мо мухолифат ва душмании фикрӣ, расонаӣ, низомӣ, сиёсӣ ва молӣ мекунад, мо бо ӯ ҳисобу китоб мекунем". 
Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ, ки амаки раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ ва вазири корҳои дохилии ҳукумати "Толибон" Сироҷиддин Ҳаққонӣ аст, ҳарчанд ба таври ошкоро ба кишваре хосе ишора накард, аммо қарори маълум. Тоҷикистон мизбони мухолифони мусалаҳи гурӯҳи "Толибон",  аз ҷумла "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ" бо роҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.